Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Пешвои миллат дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло — муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид —  муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат сардорони раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, инчунин сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.

Ба вазифаҳои масъули баъзе раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ низ мутахассисони соҳибтаҷриба таъйин карда шуданд.

Чунин тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин воҳидҳои низомиро афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба уҳда гирифтанд.

Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини Вазири мудофиа озод гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо озод гардида, Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то имрӯз муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъйин гардид.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекмуроди Айдибек Ширинбекзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод ва Тоҳирҷонзода Сураҷ Ғуломамад ба ин вазифа таъйин гардид.

Ҳамчунин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Саидҷаъфар Саидович аз вазифаи муовини якуми Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» озод гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро ба ҳар як хизматчии давлатӣ муваффақият орзу намуда, таъкид карданд, ки зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.

“Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед”,- таъкид намуданд Президенти мамлакат дар охири мулоқот.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд