Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз дар доираи таҷлил аз 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз панҷ ошёна иборат аст, дорои 60 утоқи корӣ буда, дар ин ҷо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, он аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд ва ҳамзамон тамоми утоқҳои кории Раёсат бо мебел, техналогияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳамзамон бинои нав дорои як толори маҷлис бо фарогирии 150 ҷойи нишаст, хобгоҳ (казарма) барои 30 нафар афсар, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ буда, ҷиҳати пешбурди кор дигар иншооти ёрирасон низ бунёд карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти замонавиро, ки дар рӯзи 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, барои кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.

Бунёди бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон