Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2017 баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.  Вобаста ба мавзӯъ сараввал муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 102,9 дарсад иҷро ва ба буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 1 млрд. 188,9 млн. сомонӣ ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллии вилоят аз нақша 12,1 дарсад ё худ 128,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра шаҳру навоҳии Ашту Исфара ва Конибодому Спитамен нақшаи буҷети давлатиро пурра иҷро карда натавонистаанд, ки бо ин сабаб 9,7 млн. сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст.   Вилоят дар ин давра бо мамлакатҳои хориҷа муносибатҳои савдои хориҷиро ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷӣ ба 1 млрд. 474,9 млн. доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи сипаришуда ба 6,9 миллиард сомонӣ расида, аз ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд сомонӣ зиёд мебошад.  Дар ин давра ҳамзамон  52 корхонаи нав бо наздик 500 ҷойи корӣ ташкил ёфтаанд.  Кишоварзони вилоят бошанд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба андозаи 4,7 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш нисбати соли гузашта 106,9 дарсадро ташкил медихад.

Нақшаи чиниши пахта дар вилоят 95 фисад таъмин гардидааст.  Дар мавсими нав кишти сабзавот дар гармхонаҳои вилоят дар майдони 28 гектар пешбинӣ шудааст, ки аз ҷумла 10 гектари онро помидор, 6 гектарро бодиринг ва боқимондаро зироатҳои дигар фаро хоҳанд гирифт. 21 сардхонаи ҳудуди вилоят бошад, имкони захираи 6000 тонна маҳсулотро доро мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз истифода берунмонда ва таъминоти оби полезӣ ба хоҷагиҳо тадбирҳои амалӣ меандешад. Бо ин мақсад соли равон аз буҷети вилоятӣ 2 млн. сомонӣ ҷиҳати таъмиру азнавзозии пойгоҳҳо ва шабакаҳои обрасонии ноҳияҳои Зафарободу Мастчоҳ, Ашт ва канали Хоҷабоқирғон равона гардид, ки барои беҳтар шудани сифати таъминоти об мусоидат намуд.

Дар соҳаи сохтмону нақлиёт низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, ба туфайли гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкили корхонаҳои нав теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 5121 нафар коҳиш ёфтааст.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун Раиси вилоят ба масъалаи қонуншиканӣ дар мавриди тақсиму истифодабарии замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. То ин дам аз вониби беш аз 2000 нафар шаҳрвандон дар азхудкунии 3288 гектар замин қонуншиканӣ содир гардидааст, ки 1400 гектари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Абдураҳмон Қодирӣ мутасаддиёни дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ислоҳи муаммои ба амаломада тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳои гуногунро вобаста ба фаъолияташон мавриди пурсиш қарор дод.  Дар мисоли ноҳияи Мастчоҳ суръати нокифояи  ғунучини ҳосили пахта мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад. Вазъият ба хусус дар ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор, Мастчоҳ, Палдорак ва Оббурдон беҳбудиро тақозо намуда, сафарбарии саҳмдорон ба чиниши пахта ба таври бояд ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, дар ин муддат дар ноҳия корхонаҳои нав бунёд нашуда, 12 коргоҳи амалкунанда аз фаъолият бозмондаанд. Қонуншикании  истифодаи замин, зиёд будани шумораи муроҷиаткунандагон ба мақомоти вилоятӣ, вуҷуд доштани  ҳодисаҳои худкушӣ, фоизи ками ҷамоварии ҳақи истифодаи об  ва ғайра аз мушкилоти дигаре ҳастанд, ки бояд роҳбарияи нохия барои ҳалли онҳо чора андешад.

Дар шаҳри Панҷакент бошад, зиёд намудани майдони кишти сабзавоти зарурӣ, аз ҷумла картошка бо роҳи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хоҷагидорон ва таъмини тухмиҳои серҳосил тақозои замон аст. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз кишти ғалла, ки ҳосилнокии паст дорад, зиёни моддӣ пеш аз ҳама ба худи деҳқонон мерасад. Шикояту дархости сокинони Панҷакент низ ба мақомоти вилоятӣ зиёд буда, роҳбарияти шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати баррасии муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир намояд. Нақшаи даъват ҳарбӣ дар шаҳр 70 дарсад ва пардохти ҳақи истифодаи об 50 дарсадро ташкил медиҳад. Масъулини шаҳр инчунин ҷиҳати ҳалли масъалаи захираи сабзавот дар сардхонаҳо, вусъати кишти зироат дар гармхонаҳо, пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин ва ҳисобу китоби дурусти оморӣ дастур гирифтанд.

Таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, ки ҳамагӣ 55 дарсадро дарбар мегирад, аз байн бурдани бақияи қарзи андоз, ки ба 18 миллион сомонӣ расидааст, ташкили корхонаҳои нав, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд низ беҳбудиро талаб мекунад, ки то имрӯз ҳамагӣ 50 дарсад иҷро шудааст. 17 дарсади муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти вилоятӣ низ ба сокинони шаҳри Хуҷанд рост меояд. Бартараф кардани 22 млн. сомонӣ бақияи қарзи андоз, ба роҳ мондани фаъолияти 22 корхонаи аз кор бозмонда аз вазифаҳои дигари мутасаддиёни шаҳр ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти шаҳри Исфара бошад, бояд ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, кам кардани бақияи қарзи андоз, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пардохти ҳақи нерӯи барқ, пардохти маоши кормандони буҷавӣ, захираи маҳсулот ва пешгирии бемории зардпарвин чораҳои амалӣ андешад. Агарчӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи пахтасупориро иҷро кардааст, аммо ҳалли масъалаҳое чун пешгирии ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои худкушӣ, саривақт шунидани арзу дархости шаҳрвандон, вусъати кишт дар гармхонаҳо, ҷамъоварии ҳақи истифодаи об ва ғайра барои роҳбарияти ноҳия зарур аст.

Раиси вилоят ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Ҷаббор Расулову Истаравшан ва масъулини мақомоти андоз, омор, хоҷагии об, идораи замин ва комиссариати ҳарбиро  ҷиҳати ҳалли саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуд. Дар рафти ҷаласа ҳамзамон мутасаддиёни дахлдор барои ҷалби соҳибкорон ба бунёди муассисаҳои хусусии тиббию таълимӣ ва ташкили хизматрасониҳои дастрас ба мардум дар доираи риояи танзими  анъана ва ҷашну маъракаҳо аз Раиси вилоят дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид