Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

( 0 Овоз )

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Қабл аз ҳама, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаҳои бобарор орзу намуданд.

Сарвари давлат аз натиҷаи кори 25 — солаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории ҳарбӣ равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки тайи ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гардид.

Ҳамзамон зимни мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид ва дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил