Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Ба истифода додани меҳмонхонаи замонавӣ дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

( 0 Овоз )

Дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта шуда, барои қабули то 26 нафар меҳмон  дар як шабонарӯз пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, ба маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар маҷмуъ масоҳати умумии бино 6 440 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба масъулину кормандон ҳидоятҳои муфид доданд.

Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-Орзу» мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани меҳмонхона ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат буда, дар асоси тарҳи муосир бо назардошти сохти меъмории замонавӣ сохта шудааст.

Ҳамзамон атрофи бинои меҳмонхона ба таври замонавӣ назаррабо гардонида шуда, қомат афрохтани он ба намои зоҳирии маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зебоии дучанд зам кардааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба истифода додани меҳмонхонаи замонавӣ дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин