Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Иштироки Раиси вилояти Суғд дар нахустнамоиши филми ҳунарии “Тангно”

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Видео :Иштироки Раиси вилояти Суғд дар нахустнамоиши филми ҳунарии “Тангно” Бегоҳии рӯзи гузашта дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят намоиши нахустини филми «Тангно», ки аз рӯйи асари нависандаи маъруфи тоҷик Сорбон ва дар коргардонии Муҳиддини Музаффар ба нафор гирифта шудааст, баргузор шуд.

Дар нахустнамоиши филми ҳунарии “Тангно” Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ иштирок намуд.

Филми ҳунарии “Тангно” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ба навор гирифта шуда, ба 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шудааст.

Филми мазкур асосан дар зодгоҳи нависанда — деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москва сабт гардида, нақши марказии онро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст. Ҳамчунин ҳунармандон Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ аз чеҳраҳои марказии ин филм мебошанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди кинои миллӣ бо ташаббуси роҳбарияти вилоят дар соли 2015 таъсис ёфта буд. Аз ҷониби гурӯҳи эҷодии “Суғдсинамо” то имрӯз филмҳои “Паймон”, “Коса”, “Духтари Сайҳун”, “12 соли интизорӣ» ва ҳамакнун “Тангно” ба навор гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Раиси вилояти Суғд дар нахустнамоиши филми ҳунарии “Тангно”