Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25

Тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )

Видео :Тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Санаи 8 сентябри соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри бостонии Истаравшан бахшида ба ифтихори ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовинони Раиси вилоят, раисон ва муовинони раисони як қатор шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ, намояндагони муассисаҳои мухталифи иҷтимоӣ, ҷавонону наврасон ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.

Чорабинии мутантан бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тантанаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷашни муқаддаси миллиро ба кулли мардуми вилоят, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Истаравшан табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки бисту шаш сол муқаддам миллати кўҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид.

Баъд намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, мардуми сарбаланди вилояти Суғдро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат дар суханронии пурмўҳтавои хеш аз ҷумла изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар буда, барои ҳар фарди ватандўсту бедордил ҷашни муқаддас ва боиси ифтихори бузург аст.

- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллати соҳибтамаунамон имконият фароҳам овард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр гардем. Аз ин рў, Истиқлолият рамзи соҳибдавлатии мардуми мо буда, яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими асосҳои давлати миллиамон мебошад. Мардуми кишвар бо роҳбарӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳадафҳои ормонии худ – бунёди ҷомеаи соҳибихтиёри мутамаддин ва ободу пешрафта ноил гардиданд. Ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ин давра амалӣ гардида, рушди иқтисодиёт дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд таъмин гардид, - зикр дошт Давлаталӣ Саид.

Ҳамзамон, Муовини якуми Сарвазири мамлакат дар баробари натиҷаҳои пурсамари ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои самаранок, таъмини рушди соҳаҳо, бахусус саноату кишоварзӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки раванди ободкорию созандагӣ, беҳбуди зиндагии аҳли ҷомеа, аз ҷумла дар вилояти Суғд шоиста аст. Мавсуф зикр дошт, ки танҳо давоми 17 соли охир маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоии вилоят 96 маротиба зиёд гардидааст.

Баъд Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ суханронӣ намуда, миннатдории мардуми вилояти Суғдро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирию ғамхориҳои ҳамарўза, муҳайё намудани шароити мусоид барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагӣ, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт баён намуд.

- Шоистаи зикр аст, ки имрўзҳо пиру барнои кишварамон Рўзи Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шукргузорӣ, бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва рўҳияи баланди идона истиқбол мегиранд. Ҳар як фарди Тоҷикистон дарк намудааст, ки Истиқлолият муқаддастарин, азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёт мебошад, - зикр намуд Абдураҳмон Қодирӣ.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии хеш аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки маҳз, Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардад.

Воқеан ҳам Тоҷикистон имрўз узви фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад. Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки алҳол вилояти Суғд бо 58 давлатҳои ҷаҳон – аз ҷумла, 9 давлати ИДМ ва 49 давлати хориҷии дур муносиботи иқтисодии тиҷоратӣ дорад.

Ба шарофати Истиқлолият дар қаламрави вилоят иншооти бузург бунёд гардида, ба хизмати сокинон гузошта шуданд, ки сохтмони баъзеи онҳоро дар даврони гузашта ғайриимкон мешумурданд.

Аз ҷумла, бунёди нақбҳои бузурги “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, инчунин таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Айнӣ – Панҷакент, кашидани хатти барқи баландшиддати Ҷануб – Шимол, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар дохили вилоят, ки дар рӯзҳои вазнинтарин мушкилоти сокинонро доир ба таъмини нерӯи барқ бартараф намуданд, ташкили садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, сохтмони садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, хусусан муассисаҳои маориф, тандурустиву фарҳанг тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

- Ҳамаи ин дастовардҳои меҳнатӣ, ки чи дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва чи дар соҳаи фарҳангу маънавиёт ба даст овардем, бо ибтикору дастгирӣ ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, - афзуд Раиси вилоят.

Ҳамзамон, Абдураҳмон Қодирӣ баргузории тантанаи ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро мисоли барҷастаи ҳамдилӣ ва бародарӣ, боҳамоӣ ва дўстиву рафоқати мустаҳками мардуми кишварамон арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фарҷоми суханронии табрикотии худ афзуд, ки ҳар яки мо баробари ба ҷо овардани шукронаи ин пешравиҳо, соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми кўшишамонро ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намоем.

Чорабинӣ бо намоиши барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки аз мавзўъҳои ватанпарастӣ, озодиву истиқлол, бахту саодат, муҳаббату ҷавонӣ ва сулҳу амонӣ саршор буд, ҳусни анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан