Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Ба 45 нафар бонувони соҳибкору ҳунарманд 305 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят тақдим гардид

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Видео :Ба 45 нафар бонувони соҳибкору ҳунарманд 305 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят тақдим гардид Санаи 20-уми июли соли 2017 ба 45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят, ки аз озмун гузаштаанд, грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Маросими супоридани грантҳо дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, грантҳоро ба ғолибони озмун Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.

Зимни суханронӣ Раиси вилоят қайд кард, ки таъсис ёфтани грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имкон медиҳад, занони хонанишин соҳиби касб шуда, бо ин васила вазъи иқтисодии хонаводагии хешро беҳтар созанд, ҳамчунин шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба давлатҳои хориҷ кам гардад.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ таваҷҷӯҳи махсус равона шуд.Дар вилояти Суғдбо ташаббусиРаиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карданд ва аксар занони хонанишин ба касбомӯзӣ рӯ оварданд. Соли 2014-ум 337 нафар ва соле пас 428 нафар занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Аз ҷониби бонувон сеху коргоҳҳои адрасбофӣ, коркарди пашм, омодасозии қаннодиҳо, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, гилембофӣ, маҳфилҳои манзаранигорию рассомӣ, нақшбандию рангуборкунӣ, расмкашию ҳунарҳои халқӣ вусъат ёфта, маҳорату санъати дастони сеҳрофари эшон сайёҳони зиёдеро ҷалб карда истодааст. Имсол 16 нафар соҳиби Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 45 нафар Гранти Раиси вилоятро соҳиб гардиданд, ки шумораи занон нисбат ба соли 2016- ум 50 фоиз зиёд мебошад. Чунин иқдомҳои нек имкон медиҳад, ки нафарони зиёде шароити иҷтимоии оилавии хешро беҳтар созанд. Аз ҷумла,  Бибифотима Оқилова аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди асалпарварӣ,  Анварой Раҳимова аз шаҳри Панҷакент барои ташкил намудани маҳфили қолинбофӣ,  Ҳабиба Ғозиева аз ноҳияи Деваштич барои сехи қолинбофӣ, Марҳабо Раҳимова аз шаҳри Конибодом барои ташкили сехи адрасбофӣ соҳиби даҳ ҳазор сомонӣ ва Муқаддам Насриддинова аз шаҳри Бӯстон барои ташкили маҳфили манзаранигорӣ ва рассомӣ, Муҳайё Солиҳова аз ноҳияи Зафаробод барои ташкили сехи дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ, Шаҳноза Ниёзова аз ноҳияи Мстчоҳ барои ташкили дӯзандагӣ ҳар яке соҳиби ҳашт ҳазор сомонӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки аз 226 марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ, ки 66 адад ба қолинбофӣ  ва 160 ададаш ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошад, дар ин муддат беш аз 2670 нафар шогирдон соҳиби касбу кор гардиданд.

Дар ин рӯз 10 грант ҳар яке 10 000 сомонӣ, 10 грант ҳар яке 8 000 сомонӣ ва 25 грант ҳар яке 5 000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 305 000 сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор тақдим гардид. Ҷоиз ба таъкид аст, ки теъдоди грантҳо нисбати соли гузашта 15 адад зиёд гардидааст.

Гулпарвар ва аврбанд (тайёр намудани асос барои атласу адрас) аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқаддасҷон Ҷӯраева ва Иноятхон Орифова, дӯзанда аз ноҳияи Мастчоҳ  Рӯзиҷон Холиқова ва сӯзанидӯз аз шаҳри Хуҷанд Мафтунахон Пӯлодова арзи сипоси аҳли нишастро баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд коргоҳи хешро васеъ намуда, нафарони зиёдеро боз бо ҷойи кор таъмин хоҳанд кард.

Дар анҷом Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои рушду равнақ ёфтани ҳунарҳои аҷдодии миллӣ чанд пешниҳод ва маслиҳати хешро баён кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба 45 нафар бонувони соҳибкору ҳунарманд 305 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят тақдим гардид