Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2017

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 14 июли соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти  нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи соли равон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа вобаста ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар давраи ҳисоботӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо гузориш дод. Тибқи иттилои номбурда, дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 6,4 миллиард сомонӣ расидааст, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 830 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 109,9 фоиз таъмин гардид.

Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба маблағи  4,3 млрд. сомонӣ  маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш 137,3 фоизро дарбар мегирад. Дар ин давра ҳақи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби муштариён 88,9 дарсад ва аз ҷониби аҳолӣ 99,3 фисад ҷамъоварӣ гардидааст. Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар вилоят 82 нуқтаи фурӯши ангишт ва 406 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият карда, дар муассисаҳои иҷтимоӣ 796 тонна ангишт захира гардидааст. Кишоварзони вилоят бошанд, дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ маҳсулот баровардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз зиёд мебошад. Майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта 6500 гектар ва картошка 784 гектар зиёд гардида, айни ҳол 4800 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар навоҳии Истаравшану Зафаробод ва Ашту Мастчоҳ мавҷуданд. Дар вилоят, дар натиҷаи ислоҳоти соҳа, беш аз 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуда, барои таъмир ва барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ соли ҷорӣ аз буҷети вилоятӣ 5,1 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Муовини якуми Раиси вилоят дар идомаи суханронӣ таъкид намуд, ки соли равон дар вилоят “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” эълон шудааст ва дар ин замина барои иҷрои Барномаи вилоятӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 42 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар шаш моҳи соли равон вилояти Суғд бо 48 давлати хориҷӣ алоқаи иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монд ва ҳаҷми содироти маҳсулот 230,7 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз баланд рафтани нархи сабзавот, аз ҷумла картошкаю пиёз ва сабзӣ дар бозорҳо изҳори ташвиш намуда, дастур дод, ки омилҳои воқеии болоравии нархи маҳсулот омӯхта шаванд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамчунин аз раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони мақомоти дахлдор пурсиш ба амал оварда шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки иҷро нашудани чор намуди андозҳо ва мавҷуд будани 23,7 млн. сомони қарзи андоз дар шаҳри Хуҷанд масъалаи ҳалталаб мебошад. Дар анбори корхонаҳои шаҳр ба маблағи 44 млн. сомонӣ бақияи мол боқӣ монда, захираи ангишт ҳамагӣ 8 фоиз ва таъмири мактабҳо 11,2 дарсад иҷро шудааст. Раиси вилоят раиси шаҳрро ҷиҳати афзун намудани шумораи гармхонаҳо, мусоидат дар сохтмони мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ ва шунидани арзу дархостҳои шаҳрвандон дастур дод.

Вазъи иҷроиши нақшаи андозҳо ва бартараф намудани бақияи қарзи андоз, ки 18 млн. сомониро ташкил медиҳад, дар шаҳри Бӯстон низ беҳбудиро тақозо дорад. Илова бар ин корхонаҳои саноатии шаҳрро зарур аст, ки дар мавриди иҷрои уҳдадории истеҳсолӣ масъулияти бештар зоҳир намоянд.

Шаҳри Истаравшан нақшаи ҷамъоварии андозҳоро 113 дарсад таъмин намудааст, аммо ҳанӯз 11 млн сомони қарзи андоз дорад.  Роҳбарияти шаҳр инчунин бояд ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани 1159 гектар заминҳои бекормонда ва пардохти саривақтии ҳақи нерӯи барқ, таъмини мактабҳо бо омӯзгорони дорои маълумоти олӣ чораандешӣ кунад.

Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Зафаробод, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва  Бобоҷон Ғафуров низ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути бунёди корхонаҳо, пардохти ҳақи истифодаи нерӯи барқу об,  вусъати кишти такрорӣ ва таъмири муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шуданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ҷиҳати ташкили гармхонаҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ, зиёд намудани майдони кишти сабзавот, фаъолияти сардхонаҳо, баррасии воқеъбинонаи муроҷиати шаҳрвандон, ташкили сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои рақсию этнографӣ ва танзими фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ба роҳбарият ва масъулини шаҳру навоҳии дахлдор супоришҳои қатъӣ дод. Барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят ба мутасаддиён муҳлатҳои муайян муқаррар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2017