Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

Майдони кишти пахта дар ноҳияи Ашт нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд шудааст

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Майдони кишти пахта дар ноҳияи Ашт нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд шудааст Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” шинос шуд.

ҶДММ “Рахшона” 414 гектар замин дошта, дар 302 гектари он пахта, дар 47 гектар ғалладонагӣ, дар 63 гектар юнучқа ва дар 2 гектар  полезӣ парвариш мекунад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нашъунамои имсолаи пахта дар ноҳия хуб аст. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи тухмиҳои хориҷаи серҳосил бозгӯи он аст, ки хоҷагидорони ноҳия соли равон ҳосили фаровонро интизоранд.

Раиси вилоят ҳини сафар ҳамчунин дар мавзеи Ҳафттеппа бо раванди барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва азхудкунии заминҳои бекормонда шинос гардид. Бояд гуфт, ки дар мавзеи мазкур солҳои охир миқдори зиёди заминҳо бо сабаби танқисии об аз гардиши кишоварзӣ берун монда, имрӯз барои истифодаи дубораи онҳо дар доираи иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 -2020 тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Айни ҳол бо ташаббуси ҶДММ “Рахшона”, пойгоҳи обкашӣ барқарор карда шуда, бо кофтани канал оби мавзеи Урмонтол, ки ба дарё ҷорӣ мешуд, ба ин минтақа оварда шуд ва дар натиҷа 107 гектар замин дубора мавриди истифода қарор гирифт,ки аз ҷумла дар 60 гектари он кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта 680 гектар заминҳои бекормонда дар ноҳия  мавҷуд буда, имсол миқдори онҳо ба 520 гектар расонда шуд. Раиси вилоят аз иқдоми азхудкунии заминҳо изҳори қаноатмандӣ кард ва барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта ба хоҷагидорони ноҳия маслиҳатҳои муфид дод.

Дар маҷмӯъ, майдони умумии кишти баҳорӣ дар ноҳия соли равон 9800 гектарро фаро мегирад. Аз ҷумла дар 5400 гектари он пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд мебошад. Хоҷагидорон ният доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ соли равон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Майдони кишти пахта дар ноҳияи Ашт нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд шудааст