Хабарҳо
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Пунук дидан намуд.

Бояд гуфт, ки санаи 24 июн дар натиҷаи боришоти зиёд дар сойи Пунук сел омада, ба сокинони ду тарафи он хисороти моддӣ расонид. Маълум гардид, ки офати табиӣ ба 11 манзили истиқоматии сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук қисман зарар расондааст. Сел ҳамзамон 3 километр роҳ ва 55 замини наздиҳавлигиро қисман вайрон карда, як кӯпруки маҳаллаи Толонакро пурра корношоям намудааст. Офати табиӣ ду автомашинаи сабукрави сокинони ин ҷамоатро низ бо худ бурдааст.

Раиси вилоят зимни боздид ба 11 оила кӯмакпулӣтакдим намуда, ба масъулин дастур дод, ки оқибатҳои офатро ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд. Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ техникаи зарурӣҷалб гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 600 литр сӯзишворӣ дастрас ва айни замон дар Ҷамоати деҳоти Пунук қисме аз роҳҳҳобарқарор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи омадани сел санаи 24-уми июн ба хоҷагии халқи ҷамоат 115 ҳазор сомонӣ зарар расид.

Дар Ҷамоати деҳоти Пунук Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин бо рафти сохтмони бинои дидбонгоҳи сарҳадӣшинос шуд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин мавзеъ дидбонгоҳи наву замонавӣ бунёд мешавад, ки ҳадафи он беҳтар намудани шароити будубош ва хизмати сарбозон мебошад.  Дидбонгоҳҷавобгӯ ба талаботи хизмати муосири ҳарбӣ сохта шуда, дар оянда барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳм хоҳад гузошт. Абдураҳмон Қодирӣбо шароити зист ва хизмати сарбозон дар қисми ҳарбӣшинос гардида, барои беҳтар намудани шароити будубоши сарҳадбонон, таъминот бо ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи хизмати ҳарбӣ масъулинро вазифадор намуд. Дар ин қисмиҳарбӣҷавонон аз  гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба хизмат фаро гирифта шуда, рисолати аслии хеш - ҳифзи марзу буми ватанро софдилона ба ҷо меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт