Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти саҳҳомии “Кони намак”-и ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Санаи 4 июли соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ашт аз шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истеҳсоли намак дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз ёфт.  Дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии “Кони намак” соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтаас, ки бо сохтани коргоҳи муосир хатти наву замонавии истеҳсолиро фаъол намояд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшаванда ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва тавассути таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ коркард хоҳад шуд. Корхонаи “Кони намак” маҳсулоти хешро асосан бо тамғаи “Экстра”истеҳсол намуда, наздик 80 дарсади он барои содирот пешбинӣ мешавад.

Корхонаи нав  дар ибтидо 50 нафарро бо ҷойи кор таъмин менамояд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки мавзеи мазкур таърихан макони намаки хушсифат буда, дар сарчашмаҳо, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров  истеҳсоли намак дар Хуҷистон, яъне ҳамин мавзеъ ва таъмини аҳолии Шошу Хуҷанд бо он таъкид шудааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳои дигар, ҳанӯз дар асрҳои 9-10 дар Хуҷистон кони калони намак маҷуд буда, онро тавассути Роҳи Абрешим ба шаҳрҳои Ахсикату Исфара, Канду Хуҷанд, Истаравшану Оҳангарон ва Чочу Самарқанд мебурдаанд. Пас метавон гуфт, ки кони Хуҷистон яке аз конҳои асосии Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.

Бартарияти асосии корхона ин пеш аз ҳама истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, барои саломатӣманфиатовар ва ба роҳ мондани истеҳсолоти бепартов мебошад. Яъне оби шӯри ба коргоҳ воридшаванда дар коркарди аввал барои истеҳсоли намаки босифати ошӣ истифода гардида, дар коркарди дубора аз он навъҳои дигари намак, аз ҷумла намаки техникӣ истеҳсол карда мешавад.

Раиси вилоят зимни боздид ба соҳибкор тавсия дод, ки асосан маҳсулоти намунавии содиротиро истеҳсол намуда, роҳҳои ворид шудан ба бозори  давлатҳои хориҷаи наздикро пайдо намояд ва дар оянда ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, бо зиёд кардани  шумораи ҷойҳои корӣ дар таъмини сокинони ноҳия бо кори доимӣ саҳмгузор шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд










Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти саҳҳомии “Кони намак”-и ноҳияи Ашт