Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Панҷакент

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео :Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Панҷакент Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент, ки санаи 29 июн сурат гирифт, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин бо рафти корҳои ободонӣ шинос гардид.

Ба муносибати Соли ҷавонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нақша дорад, ки дар хиёбони Рӯдакии маркази шаҳр бинои боҳашамати Маркази ҷавононро бунёд намояд. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин иншоот мавриди назар қарор дод. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент ва пудратчии он ҶДММ “Манора-2014” мебошад. Иншоот бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ сохта шуда, мувофиқи нақша он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар дохили бино бахши ҷавонони шаҳр, рӯзномаву телевизиони маҳаллӣ ва дигар сохторҳо, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ҷойгир карда мешаванд. Инчунин маҳфилҳои мухталиф, аз ҷумла маҳфилҳои рақсиву варзишӣ ва бойгонӣ дар марказ фаъолият хоҳанд кард. Дар марказ тамоми шароитҳои замони муосир фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла толори калон барои 420 ҷои нишаст, чор толори баргузории мизҳои мудаввар бо технологияҳои мусоири намоиши видеоӣ, маркази иттилоотӣ-интернетӣ барои ҷавонон хизмат хоҳанд расонид. Айни ҳол 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ дар ду баст машғул буда, бунёди таҳхона идома доранд. Раиси вилоят зимни боздид аз сусткории пудратчии сохтмон эрод гирифт ва дастур дод, ки бунёди иншоотро вусъат бахшад.

Дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамзамон азнавсозии муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва саҳну атрофи он шурӯъ мешавад. Мавзеи мазкур баъди таҷдид аз пайкараи нави шоир ва чор фаввора иборат шуда, атрофи он ба гулкорию кабудизоркунӣ фаро гирифта мешавад. Раиси вилоят таваҷҷӯҳи масъулини сохтмонро ба он ҷалб намуд, ки ин мавзеъ минбаъд бояд ҳамчун макони дӯстдоштаи истироҳатию фароғатӣ ва муҳити маънавӣ барои сокинону меҳмонони шаҳри бостонӣ, бахусус ихлосмандони ин шоири шаҳир хизмат расонад.

Дар ҳамин мавзеъ корҳои ободониву навсозии варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент низ мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Варзишгоҳи мазкур соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150 - солагии Устод Рӯдакӣ бунёд гардида, барои 3500 ҷои нишаст пешбинӣ шуда буд. Акнун пас аз бозсозии қисматҳои шимолию ҷанубӣ варзишгоҳ дорои беш аз 6000 ҷои нишаст хоҳад шуд. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои бозсозиро ҶДММ “ПМК- 278” бар ӯҳда гирифтааст. Бунёди нишастгоҳҳои иловагӣ имкон медиҳад, ки минбаъд дар варзишгоҳ мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин чорабиниҳои бонуфузи фарҳангӣ баргузор карда шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд













Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Панҷакент