Хабарҳо
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42
Баргузории конференсияи ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 21.06.2017 18:58
Мулоқоти гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ бо кормандони Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд - 21.06.2017 08:25
Баррасии масъалаҳои муҳим бо иштироки вакилони МН МО ҶТ - 21.06.2017 08:14

Оғози навсозии роҳҳо дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, ки дар шафати дарёи Сир ҷойгир шудааст, яке аз мавзеъҳои куҳантарини маркази вилоят ба ҳисоб рафта, дар замонҳои пеш бо ҳунарҳои гуногун ва ҳунармандони худ маъруф будааст.

Тайи чанд соли охир корҳои таъмири роҳҳои дохили маҳалла вусъат пайдо карда, аксари кӯчаҳо мумфарш карда шудаанд. Имрӯз бошад, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъмиру азнавсозии кӯчаҳои ба номи Абдуллоев, Исмоилов ва Академик Раҷабовҳои ин маҳалла шурӯъ гардид. Кӯчаҳои мазкур ба дарозии беш аз якуним километр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташаббуси худи аҳолӣ таъмир, аз ҷумла 0,4 километр пурра мумфарш карда мешавад.

Азнавсозии роҳро Корхонаи давлатии Истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд» ба уҳда гирифтааст. Зимни сӯҳбат бо сокинони маҳалла Раиси вилоят аз иқдомҳои созандагӣ дар вилоят ёдовар шуд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки дар доираи Барномаи вилотии роҳҳои обод, ки шурӯъ аз соли 2014 дар вилоят эълон гардид, қисми зиёди роҳҳои вилоят ба таъмиру азнавсозӣ фаро гирифта шуд ва соли гузашта 2400 километр роҳҳо таъмир гардиданд. Имсол бошад, беҳтарсозии ҳолати боз 2200 километр роҳҳо дар вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки 90 километри он дар шаҳри Хуҷанд воқеъ мебошанд. Аз ин масоҳат, беш аз 40 километр кучаҳои шаҳри Хуҷанд соли равон пурра мумфарш гардида, боқимонда аз таъмири ҷориӣ бароварда мешаванд.

Раиси вилоят аз ҳамовозӣ пайдо кардани иқдоми таъмири роҳҳо аз ҷониби аҳолӣ ва соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ кард ва афзуд, ки ҳамаи ин ба шарофати пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар рӯи кор омада, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Таъмири кучаҳо барои аҳли маҳалла дар соли ҷашнҳои бузурги 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ тӯҳфаи арзанда ба ҳисоб рафта, онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ ҳидоят месозад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози навсозии роҳҳо дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд