Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон хонум Туула Юрёларо ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Туула Юрёларо ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт. Зимни мулоқот Туула Юрёла ба Раиси вилоят маълумот дод, ки мандати навбатии САҲА дар Тоҷикистон бо қарори шӯрои кумитаи марказии ин созмон аз якуми июн дигар гардид. Аз моҳи июл мандати нави ин созмон бо тарҳу усули нави корбарӣ оғоз меёбад. Тавре таъкид карда шуд, САҲА дар Тоҷикистон дар се самт низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондааст. Дар доираи фаъолияти низомӣ-сисёсӣ САҲА барои беҳтар гардидани қобилияти сарҳадбонӣ ҳамаҷиҳата кӯмак мерасонад. Ин аст, ки чанде қабл ба Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба маблағи умумии 37 ҳазор евро таҷҳизоти нав тақдим карда шудааст. Ҳамчунин дар ин самт созмони мазкур ҷиҳати пешгирии терроризму ифротгароӣ мунтазам байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва ходимони дин чорабиниҳои маърифатӣ ташкил ва баргузор менамояд. Дар бахши иқтисодӣ бошад САҲА асосан дар вилояти Суғд бо Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҳамкории мутақобила дошта, як қатор лоиҳаҳоро пиёда месозад. Ҳамзамон дар доираи лоиҳаҳои экологӣ бошад кам намудани зарари боқимондаи партовгоҳҳои радиатсионӣ самти муҳими фаъолият дар ин ҷода ба ҳисоб меравад.

Зимни мулоқот Раиси вилоят таъкид дошт, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар рушди бонизоми ҳамаи самтҳо таъмин карда мешавад. Ин аст, ки дар вилоят аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи саноат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, давоми се соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати 2 маротиба боло бурда шудааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 24 субъект ба қайд гирифта шуда, айни замон 19 корхона фаъолият мебарад ва онҳо бо зиёда аз 10 давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкории судманд доранд.

Раиси вилоят ҳамзамон доир ба ислоҳоти кишоварзӣ ва таъсиси 64 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бонувон ба шуғли доимӣ маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои кам кардани зарари боқимондаи партовҳои раидатсионӣ як қатор табдирҳоро амалӣ намуд, ки пӯшидани болои партовгоҳи уран дар минтақаи Деҳмой ҷумлаи онҳост.

Дар анҷом ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамокриҳо баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон