Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Мумфаршкунии роҳи Зафаробод - Дӯстӣ оғоз ёфт

( 2 Овоз )

Видео :Мумфаршкунии роҳи Зафаробод - Дӯстӣ оғоз ёфт Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо рафти корҳои ободонӣ аз наздик шинос шуд.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар деҳаи Чашмасори ҷамоати ба номи Ҳамид Алиеви ноҳия сохтмони мактаби нави замонавӣ дар назди мактаби рақами 9 барои 240 хонанда дар як баст идома дорад. Мактаби нав дорои 8 синфхона ва системаи гармидиҳии марказонида мебошад. Дар вақти боздид Раиси вилоят дастур дод, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани шароити таҳсилу тамрини толибилмон дар мактаб толори варзишӣ низ бунёд карда шавад. Мактаби нав дар арафаи соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Бо иштироки Раиси вилоят ҳамзамон маъракаи мумфаршкунии роҳи Зафаробод-Дӯстӣ оғоз ёфт. Бо ташаббус ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳи мазкур, ки маркази ноҳияро бо ҷамоати деҳоти Равшан мепайвандад, ба масофаи 27,6 километр ва паҳноии то 8 метр таъмиру азнавсозӣ хоҳад шуд.

Фармоишгари сохтмони роҳ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, мумфаршкунии онро ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Рахшонсоз” ва “Роҳи обод” ба зимма гирифтаанд.

Раиси вилоят дастур дод, ки пудратчиён пеш аз ҳама ба сифат ва муҳлати иҷрои таъмири роҳ диққат диҳанд, то ки хизмати он барои мардуми ин минтақа ҷиҳати рафтуомад, бурдани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои атроф ва ниёзҳои дигар дурудароз бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мумфаршкунии роҳи Зафаробод - Дӯстӣ оғоз ёфт