Хабарҳо
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42
Баргузории конференсияи ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 21.06.2017 18:58
Мулоқоти гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ бо кормандони Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд - 21.06.2017 08:25
Баррасии масъалаҳои муҳим бо иштироки вакилони МН МО ҶТ - 21.06.2017 08:14

Раиси вилоят сафирони давлатҳои гурӯҳи "Вишеград" ва Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

( 0 Овоз )

Имрўз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои гурӯҳи "Вишеград" ва Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои тарафайни минтақавӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду тиҷорат, фарҳангу маориф ва сайёҳӣ баён доштанд. Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии ташрифи сафирони давлатҳои гуруҳи "Вишеград" ба вилоят ин вусъат бахшидан ба муносибатҳои илмию фарҳангии кишварҳои чоргонаи “Вишеград” ва Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Дар ин замина, сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон, ки соли равон роҳбарии чоргонаро дар ихтиёр дорад, аз санаи 3 то 5 уми моҳи равон дар шаҳри Хуҷанд намоиши филмҳои истеҳсоли давлатҳои узви чоргонаи "Вишеград"-ро баргузор намуд. Филмҳои пешниҳодшуда маҳсули филмбардорони ин чор давлат буда, тули чанд руз сокинони вилоят ва дӯстдорони санъати кино тавонистанд тариқи чунин филмҳо бо санъату фарҳанг ва маданияти аврупоӣ ошно гарданд. Ба чорабинии мазкур Ҷумҳурии Латвия низ ширкат варзид. Гуфтан ҷоиз аст, ки ба узвияти чоргонаи "Вишеград" чор давлати марказии Аврупо ҷумҳуриҳои Чехия, Маҷористон, Словакия ва Лаҳистон шомил буда, ин иттиҳод соли 1991 дар шаҳри Вишеград созмон ёфтааст. Қаблан ин иттиҳод ҳамчун сегонаи "Вишеград" амал карда, баъди аз ҳам ҷудо шудани ҷумхуришои Чехия ва Словакия он номи "Чоргонаи Вишеград"-ро гирифтааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми чоргонаи "Вишеград"-ро ҷиҳати ташкили фестивали филмҳо хуш пазируфта, изҳор намуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ барои густариши муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо заминаи мусоид хоҳад гузошт. Раиси вилоят меҳмононро бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят шинос намуда, аз ҷумла изҳор кард, ки ба туфайли афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ вилоят ба зинаи устувори рушди иқтисодӣ расида, баробари ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, инчунин ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва эҳёи ҳунарҳои анъанавии дастӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон ба масъалаи ҳамкориҳои тарафайн дар самти савдою тиҷорат ва сайёҳӣ равшанӣ бахшида шуд.

Гурўҳи сафирон худи ҳамин рўз аз Қасри таърихии Арбоб ва дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Суғди бостонӣ дидан карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят сафирони давлатҳои гурӯҳи "Вишеград" ва Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт