Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Таҷлили 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

( 1 Овоз )

Видео :Таҷлили 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Имрӯз, сешанбеи 9 май дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардид.

Ба ин муносибат, саҳну атрофии мавзеи муҷассама ба идгоҳ тадбил ёфта,  аз эҳтироми пиру ҷавон ба корнамоии қаҳрамонони шуҷои ватан шаҳодат медод. Соли равон мардуми шарафманди кишвар муқаддастарин дастоварди таърихи навини давлатдориамон 20-солагии Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд. Дар ин раванд ба ёд овардани корномаҳои ҷангии падарони қаҳрамон, ки дар воқеаи мудҳиштарини таърихи асри ХХ – Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, бо анҷом додани қаҳрамониҳои бемисли ватандӯстона дар таъмини ғалаба бар зидди истилогарони фашистӣ ҳисса гузоштанд, ниҳоят муҳим мебошад. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик низ дар қатори дигар халқу миллатҳои бародари собиқ Иттиҳоди  Шуравӣ дар мубориза бар зидди фашизм ҷоннисорона иштирок намуда, дар таъмини ғалаба  саҳми назаррас гузоштааст. Дар он набардҳои сангин  зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душман мубориза бурда, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд ва 92 ҳазор нафар дар роҳи озодии ватан қурбон гардидаанд. Аз ҷумла, аз вилояти Суғд 76 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, 30 ҳазор нафар қурбон ва ё бенишон шудаанд. Аз байни фиристодагони Тоҷикистон  54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шарафёб гардидаанд, ки15 нафари онҳо аз вилояти Суғд мебошанд. Дар миёни ҷанговарони суғдӣ 10 нафар дорандаи ордени Шараф мебошанд.

Имруз дар вилоят ҳамагӣ 134 нафар собиқадорони ҷанг умр ба сар мебаранд ва давлати пирӣ меронанд. Дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми халқи тоҷик дар ақибгоҳ низ калон буда, корномаи меҳнатии онҳо чун мактаби ибратомӯзию баҳрабардорӣ дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадӣ сабт гардидааст.

Дар маросими гулгузорӣ бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок намуда, ҳамзамон хотираи қурбониёни ҷанги Афғонистонро дар назди лавҳаи ёдгорӣ пос доштанд.

Ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаикасбӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҷавонони фаъол бо гузоштани гулҳои тару тоза бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг   эҳтироми бепоёни хешро ба шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баён намуданд.

Воқеан ҳам, корнамоии падарони шуҷоъ дар мубориза бар зидди фашизм ва ҷоннисории онҳо дар роҳи озодии ватан намунаи ибрат барои насли имруза ба ҳисоб рафта, онҳоро низ ба сӯи ватандӯстиву садоқат ба халқу миллат ва хизмат ба сарзамини аҷдодӣ ҳидоят мекунад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, ба табобату истироҳат фаро гирифтан, аёдат ва  ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намудан дар ҳақи онҳоро, ки  намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва ибрати наслҳои ҷавони миллат ҳастанд, аз вазифаҳои муҳими худ меҳисобад. Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3000 сомонӣ ва аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина тақдим карда шуд.

Худи ҳамин рӯз барои қаҳрамонҳои майдони набард дар чойхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд дастурхони идона ороста шуд ва пирони рӯзгордида бо шукрона аз сулҳу ваҳдати пойдор ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даври як дастурхон ҷамъ омаданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ