Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент ва иштирок дар ҷаласаи фаъолон

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент ва иштирок дар ҷаласаи фаъолон Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент  дар толори хурди Қасри фарҳанг мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳр баргузор гашт.

Рушди соҳаи фарҳанг, эҳёи расму оин ва анъанаҳои неки гузаштагон таҳти сиёсати меҳварии ҳукумати мамалакат қарор дорад. Ин аст, ки дар аксар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қасрҳои фарҳангӣ  бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, ҳунарҳои халқӣ дубора эҳё карда мешавад.

Дар мулоқот бо аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент Раиси вилоят таъкид дошт, ки Панҷакент дорои фарҳанги бой буда, имрӯзҳо пос доштани анъанаву суннатҳои неки гузаштагон ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вафиаҳои аввалиндараҷаи аҳли фарҳанги шаҳр ба ҳисоб меравад. Рушди ҳунарҳои халқии навозандагиву сарояндагӣ, фолклорӣ, бадеҳахонӣ ва ғайра, ки ба мардуми водии Зарфшон хос мебошад, муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки аҳли санъати шаҳри бостонии Панҷакент бояд доим фаъолнокӣ нишон дода, дар чорабиниҳои бонуфузи вилоятиву ҷумҳуриявӣ фарҳанги қадимаи мардуми Зарфшонро муаррифӣ намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот чанде аз аҳли фарҳанг ба Раиси вилоят барои чунин таваҷҷӯҳ нисбати соҳаи фарҳанг арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд баҳри рушди соҳа дар минтақа ҷаҳду талош меварзанд.

Пас аз нисфирӯзӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гашт.

Дар ҷаласа нахуст раис шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ давоми чор моҳи аввали соли равон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҳудуди шаҳр 117 дарсад таъмин гардидааст. Кишоварзони шаҳри Панҷакент мувофиқи нақша бояд соли равон дар масоҳати умумии 12 ҳазору 577 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд ва то имрӯз дар 8 ҳазору 731 гектар кишт гузаронида шудааст. Ҳамчунин то кунун 30 гектар боғу токзорӣ нав бунёд гардида, 11 гармхонаи дигар ба фаъолият оғоз намуд ва бо ҳамин шумораи умумии гармхонаҳои ҳудуди шаҳри Панҷакент ба 26 адад расонида шуд. Ҳамаи пойгоҳҳои обкашии шаҳр саривақт ба мавсими имсолаи обёрӣ омода гардида, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо 21 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шартномаи тарафайнро ба имзо расонидааст. Корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳр бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба мабалағи умумии 456 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр сохтмони 23 иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Дар идомаи ҷаласа Раиси вилоят вазъи соҳаҳои гуногун дар шаҳри Панҷакентро давоми чор моҳаи аввали соли равон таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулини дахлдорро вазифадор намуд. Аз ҷумла, аз зиёд шудани майдони кишти ғалладонагиҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки имрӯзҳо деҳқонон бояд маҳсулоти талаботи бозорро кишт ва парвариш намоянд. Барои ин мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд ҳидоятгари марди деҳқон бошанд. Аз раисони ҷамоатҳое, ки дар рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка ба ақибмонӣ роҳ додаанд, пурсиш ба амал оварда шуда, таъкид гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои муосиди баҳорӣ бояд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин кишти картошка ба сомон расонида шавад. Тавре қайд гардид, соли ҷорӣ кишоварзон нақша доранд дар масоҳати умумии 2100 гектар кишти картошка гузаронанд. То имрӯз майдони кишти картошка 901 гектарро ташкил медиҳад. Раиси вилоят роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини рушди картошкапарварӣ замини кишти онро сол ба сол зиёд намуда, майдони онро то ба 3040 гектар расонанд.

Ҳамчунин Раиси вилоят ҷиҳати анҷоми саривақтии кишти баҳорӣ, шолӣ, истифодаи самараноки тухмиҳо ва заминҳои корам, бунёди боғҳои интенсивии дарахтони сиёҳолу, парвариш ва нигоҳубини кирмак, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, таъмини  саривақтии нақшаи даъвати баҳорӣ, ташкили минтақаи саноатии шаҳр ва омодаги ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 ҳамаи масъулини соҳаҳоро муваззаф намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент ва иштирок дар ҷаласаи фаъолон