Хабарҳо
Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд - 23.05.2017 15:07
Баргузории Фестивал - озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» - 23.05.2017 13:38
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон - 23.05.2017 10:04
Суғд: Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 23.05.2017 09:56
Дар ноҳияи Мастчоҳ 38 ҳазор ҷавонон кору зиндагӣ доранд - 22.05.2017 10:38
“Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” – таҳти чунин унвон дар Ашт марафони велосипедронӣ доир шуд - 22.05.2017 10:35
Хуҷанд: Иштироки беш аз 500 нафар сокинон дар веломарафон - 22.05.2017 10:32
Баргузории чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 22.05.2017 10:28
Баргузории Фестивал-озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"/АКСҲО/ - 22.05.2017 08:52
Иштироки беш аз 84 000 нафар сокинони вилояти Суғд дар чорабинии варзишии Рӯзи Дави миллӣ - 22.05.2017 08:32

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногунсоҳаи шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолии шаҳри Панҷакент ба нерӯи барқ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол инҷониб кашидани хатти 220-кловатаи Айнӣ-Панҷакент идома дорад.

Лоиҳаи мазкур бо гранти Бонки Рушди Осиё ва Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардида, барои анҷоми корҳо 22,9 миллион доллари амрикоӣ масраф хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ, васлу насби сутунпояҳо моҳи апрели соли гузашта оғоз ёфта, бояд то моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расонида шавад. Фармоишгари лоиҳаи мазкур ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи тоҷик” ва пудратчии он ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии халқии Чин мебошад. Дарозии умумии хати ноқилҳо 95 километрро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ масъулинро муваззаф сохт то ба сифати корҳо аҳмияти аввалиндараҷа дода, рафти корҳоро мувофиқи нақша ба роҳ монанд. Тавре таъкид карда шуд, лоиҳаи мазкур дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ амалӣ карда шуда, боиси боз ҳам беҳтар гардидани интиқол ва истифодаи нерӯи барқ дар минтақа мегардад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Панҷакент нақша дорад, ки дар доираи Соли ҷавонон дар маркази шаҳр як бинои боҳашамати Маркази ҷавонон бунёд намояд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ин марказ ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент ва пудратчии он ҶДММ “Манора-2014” мебошад. Иншоот бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ сохта шуда, мувофиқи нақша он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.  Дар дохили бино бахши ҷавонони шаҳр, рӯзномаву телевизиони маҳаллӣ ва дигар сохторҳо, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ҷойгир карда шудааст. Раиси вилоят ба масъулини сохтмон ва меъмории шаҳр дастур дод то дар дохили бино тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла ҷои нишаст дар толори калон бояд то ба 450 адад расонида шуда, ҳамчунин чор толори баргузории мизи мудаввар бо технологияҳои мусоири намоиши видеоӣ, маркази иттилоотӣ-интернетӣ ташкил карда шавад. Ҳамзамон дар дохили бино ҷойгир намудани ошхона ва қаҳвахона, толори хурди варзишӣ, утоқҳои алоҳидаи омӯзиши рақс, маркази ҳунаромӯзӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар доираи корҳои сохтмонии назди муҷассамаи устод Лоиқ Шералӣ таҷдиду анавсозии пайкараи ин шоири зиндаёд ва атрофи он  муҳим арзёбӣ гардид. Дар ин раванд  Раиси вилоят дастур дод то пайкараи шоир навсозӣ ва атрофи он бо фаввораҳои замонавӣ ободу хуррам гардонида шавад.

Дар ҳамин мавзеъ корҳои ободониву навсозии варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент низ мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт.  Варзишгоҳи мазкур барои 3000 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, дар он мусобиқаҳои гуногун ташкил ва баргузор карда мешавад. Раиси вилоят ҷиҳати таҷдиди варзишгоҳ, зиёд намудани ҷои нишасти тамошобинон ва то ба 8 ҳазор расонидани он масъулинро муваззаф намуд. Тавре қайд карда шуд, дар ду канори варзишгоҳ метавон ҷойҳои иловагии нишаст бунёд намуд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки минбаъд  дар варзишгоҳ мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин чорабиниҳои бонуфузи фарҳангиро гузаронид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногунсоҳаи шаҳри Панҷакент