Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Панҷакент

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 10
  • Минбаъда

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаи тозабунёди соҳибкор Бахтовар Бобоев, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ шинос гардид.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии гармхонаи мазкур 400 метри мураббаъро ташкил дода, дар он помидори навъи “Белла Ф” парвариш карда мешавад. Ин навъи помидор серҳосил буда, давоми 120 рӯз ҳосили он омода мешавад. Деҳқонон моҳи январи соли равон кӯчати помидорро дар ин гармхона шинонидаанд ва то имрӯз ду маротиба коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Ҳосили нахустини он бошад аз санаи 10-уми май пешкаши сокинон гардонида мешавад.  Дар гармхона 1100 кӯчат парвариш мешавад ва ба иттилои мутахассисон ҳар як бехи он 4 кг ва аз он зиёдтар ҳосил медиҳад ва ҳосили умумии он 4 тоннаро ташкил хоҳад дод.

Раиси вилоят чунин иқдоми мутахассисони маҳаллиро ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим дониста, зиёд намудани шумораи чунин гармхонаҳоро дар ҳудуди шаҳр мувофиқи мақсад арзёбӣ кард. Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо ҷараёни кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Барзгар” шинос гардид. Хоҷагии мазкур соли равон нақша дорад дар 0,40 га замин картошка кишт ва парвариш намояд. Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо деҳқонон ба онҳо ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо ва тухмиҳо, риояи агротехникии парвариши картошка дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

Дар ҷамоати деҳоти Сӯҷина бо иштироки Раиси вилоят ба кишти картошка оғоз бахшида шуд. Дар ҷамоати мазкур 114 хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ мавҷуд аст. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзии  ҷамоат 378 га мебошад, ки аз ин 164 гектараш замини обист. Кишоварзон нақша доранд соли равон баробари дигар навъҳои сабзавоту зироат дар майдони 43 гектар картошка кишт намоянд. Барои ин тухмиҳои хушсифат аз Федератсияи Россия дастрас гардидааст. Истифодаи оқилонаи тухмиҳо омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита бо ин Раиси вилоят ба деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзии Панҷакент тавсия дод то аз ҳар донаи тухмии картошка самаранок истифода баранд.

Ҳамчунин Раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар ҳудуди шаҳр ба ҷои боғҳои кӯҳна боғҳои нави интенсивии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла сиёҳолу ташкил карда шавад. Зеро чи тавре таҷриба нишон медиҳад, дар шаҳри Панҷакент бунёди боғҳои интенсивӣ самараи дилхоҳ ба бор меоварад. Таъкид гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои муосид дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин кишти картошка ба сомон расонида шавад.

Раиси вилоят дар идомаи сафар ба маркази шаҳр ташриф оварда, бо фаъолияти чор гармхонаи тозабунёди соҳибкори маҳаллӣ Зафар Одилов шинос гардид. Гармхонаҳои мазкур соли гузашта бунёд ёфта, айни замон дар онҳо сабзавоти барвақтӣ аз қабили помидор, бодаринг, қаламфури булғорӣ ва гулҳои мавсимӣ кишт ва нигоҳубин карда мешавад. Ин гармхонаҳо дар масоҳати 1600 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар онҳо 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Тавре қайд карда шуд, қаблан гулҳои баҳорӣ ва сабзавоти барвақтӣ ба шаҳри Панҷакент асосан  аз дигар минтақаҳои кишвар ворид карда мешуд ва ҳамакунун бунёди  чунин гармхонаҳо имкон медиҳад, ки талаботи бозори истеъмолии шаҳр то андозае қонеъ гардонида шавад.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди маркази савдои “Ҳумо” аз наздик ошноӣ пайдо намуд. Сохтмони бинои мазкур соли 2015 аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта, мувофиқи нақша соли равон бояд мавриди баҳарабардорӣ қарор дода шавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 7 миллион сомонӣ мабалағ масраф гардидааст. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, ҳар як қабати он дорои 1500 метри мураббаъ масоҳат мебошад. Баробари ба истифода додани маркази савдои мазкур то 500 нафар соҳибкорон бо ҷои корӣ таъмин гарданд. Ҳамчунин дар ошёнаи чоруми бино бунёди меҳмонхона барои 40 нафар ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати анҷоми хушсифати корҳо, омезиши нақшу нигори миллӣ, ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани ҳудуди марказ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зиёд намудани майдони кишти шолӣ дар Панҷакент тавассути азхудкунии заминҳои назди соҳили дарёи Зарафшон аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат сарчашма гирифта, давоми чанд соли охир ба ин тадбир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Ин аст, ки соли гузашат 97 гектар заминҳо дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, соли ҷорӣ мувофиқи нақша боз азхудкунии 200 гектар замин ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садди муҳофизатии Хурмӣ ҷараён дорад.

Ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки барои саривақту босифат ба итмом расонидани корҳои муҳофизатӣ техникаҳои зарурӣ сафарбар гардидааст. Раиси вилоят масъулинро муаззаф намуд то ба сифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аҳмияти аввалиндараҷа дода, заминҳои азхудшударо ба деҳқонон вобаста намоянд. Ҳамчунин бо мақсади рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дастраскунии хоки ҳосилхез ба ин минтақа ба манфиати кори кишоварзон арзёбӣ гардид.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд












Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Панҷакент