Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 64 дар шаҳри Панҷакент

( 5 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунии хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ин шаҳри бостонӣ сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар ҷамоати деҳоти Вору бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 мавриди баҳарабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони бинои мазкур моҳи июни соли гузашта оғоз ёфта, он бо мабалғгузории мақомоти маҳаллӣ  ва саҳми сокинон бунёд ёфтааст.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ масраф гардида, корҳои пудратӣ аз ҷониби  ҶДММ Идораи сохтмонии №3 ба иҷро расонида шудааст. Бино аз 1 ошёна, 11 синфхона ва 2 утоқи корӣ иборат буда, барои 260 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар ин муассисаи таълимӣ 641 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда, бинои кӯҳнаи мактаб барои 250 нафар хонанда пешбинӣ шуда буд. Ҳамакнун баҳри донишандӯзии толибилмон шароити зарурӣ фароҳам гардид. Муассисаи таълимии нав пурра бо гармидиҳии ягона таъмин буда, бо мизу курсӣ ва дигар асбобу  аёниятҳои мактабӣ таъмин гардидааст.

Зимни суханронӣ дар назди ҳозирин, бошандагони деҳа ва устодону муҳассилини ин боргоҳи таълимӣ Раиси вилоят аз талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар гашт. Таъкид карда шуд, ки маҳз дар доираи ҳамин сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар, хоса вилояти Суғд ба тадриси толибилмон диққати махсус дода шуда, муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда мешавад. Раиси вилоят ҳамчунин таъкид дошт, ки дар вилоят баҳри рушди соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Таъсиси то 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулии роҳбарияти вилояти Суғд барои ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ ва ба истироҳату фароғат фаро гирифтани омӯзгорони пешқадам ва хонандагони фаъоли вилоят  тасдиқи ин гуфтаҳост. Соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди вилоят барои 3000 нафар хонанда муассисаҳои наву замонавии таълимиро бунёд ва мавриди баҳрабрдорӣ қарор диҳад.

Дар идомаи суханронӣ Раиси вилоят ҳозирин, алалхусус занону духтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси маҳфилҳои гуногуни ҳунаромӯзӣ ҳидоят намуд. Сипас, дар фазои тантанавӣ Раиси вилоят ба ин муассисаи нави таълимӣ компютеру принтерро тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 64 дар шаҳри Панҷакент