Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Беш аз 500 нафар эҳтиёҷмандон дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардиданд

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Беш аз 500 нафар эҳтиёҷмандон дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардиданд Имрӯз, сешанбеи 2 май беш аз 500 нафар эҳтиёҷмандон дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардиданд.

Ин навбат эҳтиёҷмандони беҳдошти шароити зиндагӣ дар қисмати шимолу шарқии шаҳраки Сайҳун, ки дар шафати боғҳои навбунёд ҷойгир мебошад, соҳиби қитъаҳои замин гардиданд.

Бояд гуфт, ки бори охирин ба 700 нафар дар ин қисмати Сайҳун замин дода шуда, дар маҷмӯъ то имруз наздик ҳафт ҳазор нафар сокинон дар ин шаҳракзаминдор шудаанд. Дар қатори замингирифтагон 118 нафар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 30 нафар бошандагони шаҳри Хуҷанд, 50 нафар аз Конибодом, 100 нафар аз Куҳистони Мастчоҳ, 35 нафар аз Панҷакент, 33 нафар аз ноҳияи Ашт ва боқимонда аз шаҳру навоҳии дигари вилоят мебошанд.

Бояд гуфт, ки таваҷҷӯҳи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бунёди шаҳраки нав хеле зиёд аст, зеро ин иқдом имкон медиҳад, ки масъалаи муҳим – таъмин намудани аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ дар вилояти Суғд халли хешро пайдо намояд. Ҳадафи асосии роҳбарияти давлат бошад ин пеш аз ҳама беҳтар кардани шароити зиндагии шаҳрвандон мебошад. То ин дам  дар масоҳати 1154 гектар сохтмони шаҳраки нав идома дошта,  бо ин мақсад дар қатори бунёди иншооти дигари хизматию иҷтимоӣ, барои сохтмони 1273 адад котеҷҳои замонавии 2-3 ошёна замин ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба бунёди шаҳраки Сайҳун оғоз намуда, тӯли дуюним сол корҳои обёрии ин мавзеъ дар ду марҳила  амалӣ карда шуданд. Бо ин мақсад ду пойгоҳи нави обкашӣ сохта шуда, канал ва ҳавзҳои захираи об бунёд ёфтанд ва дар натиҷа ба масофаи 13,5 километр  аз дарёи Сир ба дашти ташналаб об бароварда шуд ва наздик 1000 гектар боғҳои нав ташкил карда шуданд. Ба масофаи 7 километр роҳҳои марказии шаҳрак мумфарш гардида, 1,5 километр хати ташноб кофта шудааст ва шаҳраки нав бо хати барқу оби нӯшокӣ низ таъмин мебошад. Бояд гуфт, ки азхудкунии дашти ташналаби Сомғор имкон медиғад вазъи тули чандин солғо муташанниҷи таъминоти манзил бахусус дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба эътидол ояд.

Зимни сӯҳбат дар ҳузури сокиноне, ки аз ин шаҳрак соҳиби замин шуданд, Раиси вилоят аз суст будани раванди сохтмони манзилҳои истиқоматӣ изҳори нигаронӣ кард. Зеро чунин муносибат ба ҷараёни сохтмони шаҳрак таъсири манфӣ хоҳад расонид. Аз ҷониби дигар, худи сокинон низ бояд дарк намоянд, ки тибқи муқаррароти кодекси замин, дар сурати ба таъхир андохтани муҳлати пешбинишуда, ки ду солро ташкил медиҳад, заминҳои додашуда аз шаҳрвандон гирифта шуда, ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд. Дар ин замина, Раиси вилоят аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки худи ҳамин сол ба сохтмони хонаҳояшон оғоз кунанд.

Ҳамин тавр, дар асоси нақшаи кул, шаҳраки Сайхун аз 23 микроноҳия иборат хоҳад шуд ва дар ҳар яки он баробари хонаҳои баландошёна, инчунин котеҷҳои замонавии як-ду ошёна сохта мешаванд. Ҳар котеҷ дар масоҳати 0,10 га бунёд гардида, барои ду оила пешбинӣ шудааст ва бояд барои се насли ҳар хонадон хизмат намояд. Тавсия дода шуд, ки сохтмони манзилҳо аз рӯи нақшаи кулл сурат гирифта, ба тарҳи зебою замонавии онҳо эътибор дода шавад, то ки бозгӯи маданияти баланди шаҳрдории тоҷикон бошанд. Зеро ба таъкиди Раиси вилоят, Сайҳун пеш аз ҳама шаҳраки ҳунармандон ва шаҳраки дӯстии сокинони тамоми шаҳру навоҳии вилоят мешавад. Аз ин лиҳоз, эътибор додан ба намуди зоҳирии биноҳои истиқоматӣ бозгӯи маданияти хонадории суғдиён хоҳад буд.

Тақсимоти замин тавассути қуръапартоӣ сурат гирифт. Барои осон намудани кори сокинон Раиси вилоят мутасаддиёни дахлдорро вазифадор намуд, ки масъалаи тайёр намудани парвандаҳои заминсозӣ ва сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро барои сокинони замингирифта давоми 1 моҳҳаллу фасл намуда, бо нархи дастрас ба онҳо пешкаш намоянд. Ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкили боғҳои интенсивӣ доранд, аз ин мавзеъ дар ҳудуди 5 гектарӣ замин дода мешавад ва ҷиҳати пешгирии боғоти нав аз ҳашароти зараррасон ва пешгирии малах имсол бо дастури Раиси вилоят заҳрдоруҳо ба таври ройгон дастраси деҳқонон мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳраки Сайҳун барои 240 ҳазор аҳолӣ ё худ 40 ҳазор оила пешбинӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Беш аз 500 нафар эҳтиёҷмандон дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардиданд