Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум Имрӯз, 25 апрел дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 62 нафар ширкат варзиданд. Ба иҷлосия ҳамзамон раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсату идора, ташкилотҳои вилоятӣ, сардорони раёсатҳои кор боҷавонон, варзиш ва  сайёҳии шаҳру навоҳӣ ва дигар шахсони ба кори иҷлосия алоқаманд даъват шуданд. Иҷлосия бо танини суруди миллӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Пас аз интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи иҷлосияро бо назардошти тағйиру иловаҳо аз рӯи 10 масъала тасдиқ карданд. Аз рӯи масъалаи аввал “Оид ба рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018" дар вилоят муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифта, дар ин радиф як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амалқарор доранд. Аз тарафи Пешвои миллат эълон шудани Соли 2017 - Соли ҷавонон бошад, нишони барҷастаи таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти кишвар ба ин табақаи ояндасози миллат мебошад. Ҷиҳати иҷроиши сифатноки 10 самти афзалиятноки Барнома, аз ҷумла таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шуғлнокии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаю фарҳангдӯстӣ ва ҷанбаҳои илмии сиёсати давлатии ҷавонон дар вилояти Суғд низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарорҳои Раиси вилоят ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ ва корҳои муайян ба сомон расонида шуда истодаанд. Имрӯз дар вилоят 31 дарсади аҳолиро ҷавонони  аз 14 то 30 сола ташкил медиҳанд, ки наздик 50 фисад ҷавондухтарон мебошанд. Ба хотири ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим дар шаҳру навоҳии вилоят дар ин муддат 5000 чорабиниҳои мухталиф аз рӯи самтҳои афзалиятноки Барномаи мазкур гузаронида шуда, танҳо дар соли 2016 ҷиҳати иҷрои Барнома1,6 млн. ва бо мақсади таъмини фароғати ҷавонон дар истироҳатгоҳҳо, дастгирии моддии дастаҳои хушдилону ҳозирҷавобони вилоят, пардохти стипендияҳои номии Раиси вилоят ва ташкили озмуну фестивали фарҳангӣ ва ташаббусҳои варзишию солимгардонӣ 745 ҳазор сомонӣ ҷудо ва равона гардидааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар қисме аз шаҳру навоҳӣ маблағҳои ҷудогардида ҷиҳати расидан ба мақсадҳои Барнома нокифоя мебошанд. Илова бар ин, зиёда аз 1000 мусобиқаҳои варзишӣ ташкил шуда, аз ҷумла дар Спартакиадаи донишҷӯён 4 ҳазор нафар аз 7 мактаби олии вилоят ширкат варзидаанд.

Дар вилоят ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавон низ диққати махсус дода мешавад. Имрӯз 656 нафар ҷавонон, аз ҷумла 184 нафар ҷавондухтарон ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ҷалб шуда, аз ин шумора 109 нафар бевосита дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд ва беш аз 100 нафар вакили маҷлисҳои маҳаллӣ мебошанд. Сохтмон ва таъмиру азнавсозии қасрҳои чавонон дар шаҳру навоҳӣ вусъати тоза гирифта, барои ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон курсҳои касбомӯзӣ ташкил ва 211 марказҳои таълимию истеҳсолии ҳунари қолинбофӣ ва матоъбофӣ  бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо беш аз 2000 нафар ҳунар меомӯзанд. Дар маҷмӯъ 116 ҳазор нафар ҷавонон дар вилоят соҳиби шуғли доимӣ мебошанд. Беш аз 60 ҳазор нафар, аз ҷумла 33 ҳазор нафар ҷавондухтарон дар донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ ба омӯзиши донишҳои замонавӣ машғул мебошанд. Ҳамасола 600 нафар толибилмони фаъол аз  стипендияҳои номӣ ва дигар ҳавасмандиҳои моддӣ бархурдор шуда, ҳамзамон 12 нафар ҳунармандони ҷавон ва варзишгарон бо стипендияи Раиси вилоят қадрдонӣ карда мешаванд. Сафи ҷавонони соҳибкор низ торафт афзуда, шумораи онҳо дар вилоят ба 6000 нафар мерасад ва 40 дарсади корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби ҷавонон бунёд шудаанд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкили хоҷагиҳои хурди оилавию инфиродӣ низ омили соҳиби кор шудани ҷавонон ва коҳишёбии шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ гардидааст.

Аз рӯи масъалаи мазкур маърӯзаҳои иловагии вакилон шунида шуда, зимни муҳокимаҳо пешниҳод карда шуд, ки ба муносибати Соли ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилотии вилоят бо ширкати ҷавонони фаъол маҳфили "Пешвои миллат ва ҷавонон" гузаронида шуда, ҷоизаи “Олими ҷавони сол” ва рӯзҳои ҷавонон созмон дода шаванд.

Аз рӯи масъалаҳои дигар вакилони халқ ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят  оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов», №20 Нигора Ғаффорзодаро оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии “Исфисор”, №62, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшуда ва дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот қарорҳо қабул намуданд.

Дар иҷлосия ҳамзамон масъала оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муҳокима гардида, вакилони халқ дархости Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллиро дар асоси хулосаҳои комиссияи вилоятии номгузорӣ баррасӣ намуданд. Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ин замина, дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳро оид ба таъсис додани шаҳраки навбунёди Меҳробод, иваз намудани номи мавзеи Майдончаи комсомол ба Азизобод,  дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Аштро оид ба табдили номи деҳаи Урмонтол ба Бедзор, ивази номи деҳаи Қирқудуқ ба Чилчашма, дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳристонро оид ба тасдиқи нақшаи генералии маркази ноҳия ва дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафарободро доир ба тасдиқи нақшаи генералии шаҳраки Зафаробод қонеъ гардониданд. Вакилони халқи вилоят инчунин як қатор қарорҳои Раиси вилоятро оид ба тағйироти кадрӣ ва маблағгузорӣ тасдиқ намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

Пас аз иҷлосия Раиси вилоят бо иштироки масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳа барои иҷроиши саривақтии нақшаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, пардохти қарзи маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, вусъати кишти баҳории зироатҳо, аз ҷумла пахта ва сабзавоту полезиҳо, тақсимоти тухми кирмак, вусъати корҳои ободонию гулкорӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ - 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум