Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи ҷумъаи 21 апрел бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор шуд, рафти кишти зироатҳои баҳорӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози машварат изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат дар як қатор навоҳии вилоят сафарҳои корӣ анҷом дода, барои рушди соҳаи кишоварзӣ тавсияҳои муфид ироа намуданд ва ҷаласаи корӣ дар ноҳияи Деваштич низ бо мақсади таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷаги халқи ноҳия, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ баргузор мегардад.

Сипас, раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода доир ба вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия ва рафти кишти баҳорӣ гузориш дод. Бино ба иттилои Рустам Ҷӯразода дурнамои кишти зироатҳо дар соли равон 26782 гектарро ташкил намуда, то имрӯз дар майдони 23737 гектар зироатҳои гуногун, аз ҷумла ғалла, сабзавот, пиёзу картошка кишт шудааст. Таъкид шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз навоҳии картошкапарвар дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, соли равон дар 2600 гектар картошка парвариш карда мешавад. Дар семоҳаи аввали соли равон 48 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки 1,5 гектари он интенсивӣ мебошад. Дар ноҳия 66 ҳазор сар чорвои калон, 139 ҳазор чорвои хурд, 1113 сар асп мавҷуд буда, соли равон 403 тонна гӯшт истеҳсол шудааст. Дар маҷмӯъ, давоми семоҳаи соли ҷорӣ дар ноҳияи Деваштич ба маблағи 19 миллиону 264 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки рафти кишти зироатҳои баҳориро ҷоннок намуда, заминҳои обии мавҷударо самаранок истифода намоянд. Дар ин росто аз зиёдшавии кишти беда дар заминҳои обӣ, барқарор нагардидани боғҳои кӯҳна изҳори нигаронӣ карда шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки бо истифода аз иқлими мусоиди минтақа бунёди боғҳоро дар талу теппаҳо ба роҳ монанд. Раиси вилоят ҳамчунин дастур дод, ки заминҳои обӣ бояд самаранок истифода шуда, кишти картошка то ба 3 ҳазор гектар расонида шавад.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз сусткории масъулини ноҳия дар самти инкишофи соҳаи саноат интиқод намуда, роҳбарияти ноҳияро дастур дод, ки бо соҳибкорон ҳамкории хубу самаранокро ба роҳ монда, барои ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.

Раиси вилоят дар идомаи машварат ҳамчунин масъулини ниҳодҳои марбутаро ҷиҳати иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, дурнамои кишти зироатҳои баҳорӣ, полезикорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои таълимиву истеҳсолии адрасу атласбофӣ, барқарорсозии боғу токзорҳои кӯҳна, таҷдиди пурраи хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ вазифадор намуда, аз фаъолон даъват ба амал овард, ки барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоранд.

Раиси вилоят ҳамчунин изҳор дошт, ки дар асоси дастурҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон сохтмони хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой идома меёбад. Зикр гашт, ки бо амалигардии ин лоиҳа то 10 ҳазор гектар заминҳои ноҳия шодоб гардида, садҳо ҷойи кории нав таъсис дода мешавад. Раиси вилоят дар идома таъкид намуд, ки соли равон бинои нави таваллудхонаи ноҳия бо 100 кат мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки барои беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба сокинон мусоидат менамояд. Имсол ҳамчунин дар назар аст, ки роҳи автомобилгарди Ғончӣ-Овчӣ низ аз таъмир бароварда шавад.

Дар поёни машварати корӣ сокинон ба муовини Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят саволу пешниҳодҳои худро ироа намуда, барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич