Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Суғд: Гусели ботантанаи 1200 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ

( 6 Овоз )

Видео :Суғд: Гусели ботантанаи 1200 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ Имрӯз, шанбеи 8 апрел аввалин гурӯҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Ба муносибати гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон ва фаъолони вилоят иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа ва ҳомиёни марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд ва ба ин қишри фаъоли ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода мешавад. Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати аскарон дар онҳо сол ба сол беҳтар гардида, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити муносиби ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидаанд.

Раиси вилоят бо ситоиш аз ҷасорату мардонагии ҳомиёни Ватан пеш аз ҳама ба падару модарон ва устодони ин ҷавонон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд анъанаи аёдати сарбозонро идома дода, барои волидон ҷиҳати аёдати сарбозон шароитҳои заруриро фароҳам меоварад. Таъкид шуд, ки имрӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 1200 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ сафарбар мешаванд.
Дар чорабинии мутантан бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии “нонгазон” низ сурат гирифт ва даъватшавандагон ин анъанаи мардумиро анҷом доданд.

Сипас аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд ва даъватшавандагон якҷоя бо волидону пайвандон суруру шодмонӣ намуданд. Пас аз итмоми барномаи фарҳангӣ наваскарон бо рӯҳияи болида ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд. Дар ду канори шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров садҳо нафар аз ҷавонону наврасон ба кӯчаҳо баромада, бо суруру шодмонӣ наваскаронро барои хизмат ба халқу Ватан гусел намуданд. Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои даъватшавандагон ва волидони онҳо, дар маҷмӯъ барои 4 ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд ва наваскарон пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ озими қисмҳои низомӣ гардиданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017,№852 моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баталиони ҳарбии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Суғд: Гусели ботантанаи 1200 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ