Хабарҳо
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45

Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон Имрӯз, 5 апрели соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевичро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои тарафайни минтақавӣ мавриди муҳокима ва баррасӣқарор дода шуд.Ҷонибҳо омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг баён доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии сафари Пётр Ивашкевич ба вилоят ин вусъат бахшидан ба муносибатҳои илмию фарҳангии кишварҳои чоргонаи “Вишеград” ва Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Дар ин замина, сафорати Лаҳистон ният дорад соли равон дар шаҳри Хуҷанд фестивали филмҳои кишварҳои чоргонаи “Вишеград”-ро баргузор намояд. Филмҳои пешниҳодшаванда маҳсули эҷоди филмбардорони ин чор давлат буда, тӯли чанд рӯз сокинони вилоят ва дӯстдорони санъати кино метавонанд тариқи филмҳо бо санъату фарҳанги кишварҳои Аврупо ошно гарданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ба узвияти чоргонаи “Вишеград” чор давлати марказии Аврупо ҷумҳуриҳои Чехия, Венгрия, Словакия ва Лаҳистон шомил буда, ин иттиҳод соли 1991 дар шаҳри Вишеград созмон ёфтааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми сафорати Лаҳистонро ҷиҳати ташкили фестивали филмҳо хуш пазируфта, изҳор намуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ барои густариши муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон доир ба ҳамкориҳои тарафайн дар самти савдою тиҷорат ва сайёҳӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон