Хабарҳо
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ - 24.03.2017 10:33
Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара" дар шаҳри Исфара - 24.03.2017 10:24
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд - 24.03.2017 09:19
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим - 23.03.2017 13:14
Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» - 23.03.2017 11:53
Ифтитоҳи бинои нави таълимии мактаби № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.03.2017 10:51
Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ - 20.03.2017 11:09
Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд - 17.03.2017 16:07
ЭЪЛОН: 26 март мусобиқаҳои миллии “Бузкашӣ” ва “Пойга” гузаронида мешавад - 17.03.2017 11:29
Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад - 17.03.2017 10:51

Мавҷуда Бобоева муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Мавҷуда Бобоева муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид Санаи 14 март ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракат, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ доир гардид ва фаъолияти он дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои аъзои Ҳаракат барои соли равон муайян гардиданд.

Дар оғози ҷаласа аъзои Шӯро масъалаи тағйироти кадриро баррасӣ намуда, ба вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракат номзадии Мавҷуда Бобоеваро ҷонибдорӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки  номбурда дар ин мақом шодравон Абдуҷалил Бобокалоновро, ки бо сабаби марги бармаҳал моҳи гузашта аз олам даргузашт, иваз намуд. Абдураҳмон Қодирӣ дар ин маврид аз шахсияти ин муаррих ва сиёсатшиноси шинохта ва сифатҳои неки инсонию роҳбарии ӯ ёдовар шуда, саҳми ӯро дар ҳифзу густариши идеологияи миллӣ ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумат босазо арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, чанд нафари дигар ба узвияти  Шӯро қабул карда шуданд.

Доир ба фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2016 котиб ва ҳамоҳангсози Шӯро Мавлуда Шарифова ҳисобот дод.  Изҳор гардид, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз рӯзи ташкилёбиаш то кунун ҳамчун неруи тавоно дар пойдории сулҳу суботи давлати соҳибистиқлол ва ташвиқу тарғиби ғояи асосии пешрафти давлатдории тоҷикон - ваҳдати миллӣ саҳм гузошта, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, раиси Шӯрои марказии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ барои пойдории ваҳдати сиёсиву иқтисодӣ ва маънавии мардум талош меварзад. Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту муассисахо ташкилотхои ибтидоии он созмон дода шуда, ҳазорон нафарро дар худ муттаҳид кардаанд. Давоми соли 2016 Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолияти хешро дар самти ташкили гуруҳҳои тарғиботӣ, баргузории маҳфилҳои эҷодии адибони шинохта, аз ҷумла маҳфили “Адибони ваҳдатсаро”, конфронсҳои илмию амалӣ, сӯҳбату мулоқоти фаъолони Ҳаракат бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, сафарҳо ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба роҳ монда, дар ин чорабиниҳо асосан ғояи сулҳу ваҳдат, моҳияти Паёми Президенти мамлакат ва дастовардҳои замони Истиқлолиятро тарғиб кардааст.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки нашрияи Шӯрои вилоятии Ҳаракат “Шӯълаи умед” доир ба таърихи таъсисёбии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдату Истиқлолият ҳамчун падидаҳои нодири таърихи маводҳои ҷолиб таҳия намудааст. Зимни сухан аъзои дигари Шӯро изҳор доштанд,  ки бояд аз фазои орому осудаи кишвар, ки бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат ва халқи созандаи тоҷик фароҳам омадааст,  хотирҷамъ нашуда, барои таҳкими минбаъдаи сулҳу суботи комил кӯшиш намуд.

Раиси вилояти Суғд, раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ изҳори умед намуд, ки аъзои Ҳаракат ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд ва дар соли равон, ки соли ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси бузурги ватандорӣ фаъолияти хешро ба роҳ хоҳанд монд. Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ, соли равон дар баробари ин, аъзои Шӯроро зарур аст, ки тамоми донишу таҷриба ва хиради созандаро ҷиҳати ташвиқу тарғиби ташаббуси Тоҷикистон - Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки Маҷмаи Умумии СММ қабул кардааст, “Соли ҷавонон”, “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” дар вилоят ва дигар иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат равона намоянд. Бо ин мақсад дар вилоят 120 рӯзи ободонӣ ба муносибати 20 солагии Ваҳдати миллӣ эълон шудааст, ки метавонад барои вусъати ташаббусҳои шаҳрвандон дар мавриди тозакорӣ замина гузорад.

Бо тасдиқи нақшаи кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2017 ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мавҷуда Бобоева муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид