Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Наздик 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд

( 1 Овоз )

Видео :Наздик 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд Имрӯз, 25 феврали соли 2017 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.

Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ наздик 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногунро аз қабили себ, нок, зардолу, шафтолу, анор, хурмо, бодом, чормағз, тут ва гелосро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд










ШУМО ДАР: Навид Наздик 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд