Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони мактабҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Видео :Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони мактабҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баъди шиносоӣ бо раванди бунёдкориҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сохтмони иншооти гуногунсоҳа ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон бунёди бинои иловагии мактабро дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 23 ба нақша гирифтааст. Бинои нави мактаб барои 430 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз 2 ошёна ва 16 синфхона иборат хоҳад буд. Айни ҳол наздик 400 нафар фаразндони маҳал дар бинои мавҷудаи мактаб, ки соли 2005 сохта шудааст, таҳсил мекунанд ва ба муассисаи нав эхтиёҷ доранд.

Зимни боздид Раиси вилоят мутасаддиёнро дастур дод, ки корҳои сохтмониро вусъат бахшида, мактаби навро дар мӯҳлати муқарраргардида барои муҳассилин омода намоянд.

Чунин як мактаби нави боҳашамат дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қомат хоҳад афрохт. Сохтмони бинои иловагии мактаби рақами 14-и ҷамоат соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида, имсол ба истифода дода мешавад.

Бинои таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 540 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст ва  дорои 16 синфхона, толори варзишӣ, синфхонаҳои компютерию озмоишӣ, ошхона, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ва варзишгоҳи кушод хоҳад буд. Бояд гуфт, ки ҷамоати Унҷӣ яке аз мавзеъҳои сераҳолии вилоят ба шумор рафта, наздик 50 ҳазор истиқоматкунанда дорад ва талаботи ҷамоат ба муассисаҳои нави таълимӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Бунёди мактаби нав дар ин маврид метавонад шиддати ниёзмандии аҳолиро ба муассисаҳои соҳаи маориф коҳиш бахшад. Корҳои сохтмони мактабро ҶДММ "Раёсати сохтмонии барқарор" бар уҳда гирифтааст.

Зимни боздид аз ин мавзеъ Раиси вилоят дар баробари таваҷҷӯҳ ба сохтмони бинои таълимӣ, ҳамчунин масъулини ноҳия ва худи ҷамоатро ҷиҳати ободонии ҳудуди он, таъмири роҳҳои дохилӣ ва чароғонкунии кучаҳои назоратӣ вазифадор намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони мактабҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров