Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Сайҳун

( 0 Овоз )

Видео :Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Сайҳун Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳраки Сайҳун ташриф оварда, ҷараёни  амалисозии марҳилаи дуюми обёрии мавзеи Сомғор ва шаҳраки Сайҳунро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.

Бояд гуфт, ки то имрӯз марҳилаи якуми обёрии шаҳраки Сайҳун ба анҷом расида, марҳилаи дуюми корҳо оғоз ёфтаанд. Мувофиқи нақша дар марҳилаи якум бунёди пойгоҳи обкашии Сайҳун-2, кашидани хатти оби полезиву нушокӣ ва бунёди ҳавзи обзахиракунӣ бо ҳаҷми 20 ҳазор куб ба анҷом расонида шуда, иҷрои чунин корҳо имкон дод то наздик 1000 гектар заминҳои бекорхобида бо оби полезӣ таъмин гарданд. Айни замон дар ин шаҳрак бунёди пойгоҳи обкашии Сайҳун-1 ва ба масофаи 13,5 километр кашидани хатти оби полезӣ бомаром идома дорад. Дар пойгохи обкашии Сайҳун бошад, корҳои васлу насби дастгоҳи нав идома доранд. Дастгоҳи обкашӣдар ҳамкорӣ бо мутахассисони вилояти Екатеринбурги Федератсияи Россия харидорӣ ва дастрас гардидааст. Баробари насби дастгоҳи нав пойгоҳи мазкур бо се таҷҳизот метавонад 4 ҳазор гектар заминҳои ин мавзеъро шодоб намояд. Дар марҳилаи дуюм об аз дарёи Сир гирифта шуда, тариқи қубурҳои қутрашон васеъ ба пойгоҳи обкашии Сайҳун ва аз ин пойгоҳ тариқи қубурҳои қутрашон 1200 миллиметрӣ ба нуқтаи баландтарини шаҳраки Сайҳун расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки обёрии дашти Сомғор ва бунёди боғот дар ин мавзеъ ҳам барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳам барои ривоҷи соҳибкорӣ  заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Бо ин мақсад соҳибкорон метавонанд дар бунёди боғи нав саҳмгузор бошанд, ки ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои худашон манфиатовар мешавад. Мутахассисон тибқи нақша парвариши зардолу, олуи сиёҳ, шафтолу ва пистаро дар ин ҷо мувофиқи максад медонанд ва мегӯянд, ки ба роҳ мондани усули қатрагии обмонӣ аз ҳар ҷиҳат метавонад ба фоидаи кор бошад.

Корҳои сохтмони пойгоҳи обкашӣ ва васлу насби қубурҳоро ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Сомониён» ва «Куркат» бар уҳда доранд.

Раиси вилоят мутасаддиёни дахлдорро дастур дод, ки дар муҳлати муайяншуда бунёди ҳавз ва кофтани каналро ба масофаи 2,5 км дар ин мавзеъ ба анҷом расонанд. Ҳамзамон, масъулини соҳаҳо барои таъмири роҳҳои дохили маҳаллаҳои шаҳраки Сайҳун, чароғонкунии кучаҳо ва ташкили хати ташноб то моҳи март аз Раиси вилоят дастур гирифтанд.

То ин дам аз ҷониби КВД "Хуҷандобуканал" дар шаҳрак гузаронидани хати оби нӯшокӣ, кашидани хати ташноб ва кофтани хандақҳо ба роҳ монда шуда, минбаъд низ шароитҳои мусоиди вобаста ба ҳалли масъалаи обу ташноб барои сохтмони биноҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар ин замина, ҳам сокинон ва ҳам соҳибкорони қитъаи замин гирифтаро зарур аст, ки сохтмони манзил ва иншооти иҷтимоию хизматрасониро вусъат бахшанд.

Соҳибкорону деҳқонони хоҳишманд метавонанд дар ташкили боғҳои интенсивӣ низ ҳиссагузор шаванд.

Маҷмӯан, то имрӯз дар шаҳраки Сайхун ба наздик 7000 нафар шаҳрвандон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим гардида, оянда бунёди 7000 гектар боғоти нав дар ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Сайҳун