Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Раиси вилоят хонандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Видео :Раиси вилоят хонандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон омад ва бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро бо соли нави мелодӣ табрик намуд.

Раиси вилоят дар сӯҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ эшонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, зикр дошт, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳ қарор доранд. Тавре таъкид карда шуд, зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа ва ғамхорӣ нисбати ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карда, масъулини мақомотҳои маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони дороро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят намуданд.

Раиси вилоят дар идомаи суханронӣ таъкид дошт, ки бошандагони мактаб-интернати мазкур танҳо нестанд ва давлату Ҳукумат доим соябону парастори онҳо мебошад. Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи муассиса роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, баҳри таъмини тамоми бинои мактаб-интернат бо системаи ягонаи гармидиҳӣ аллакай мабалағҳои зарурӣ равона гардида,  таъмири хобгоҳ, харидории 100 адад мизу курсӣ ва либосҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин давоми соли оянда барои тарбиятгирандагон майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ бунёд карда мешавад.

Сипас дар фазои тантанавӣ Раиси вилоят ба 106 нафар хонандагони мактаб-интернат тӯҳфаҳои идона аз қабили маҷмӯи сару либоси зимистона, чор адад компютер, тӯбҳои варзишӣ, 19 намуди асбобҳои мусиқӣ, ду адад дастгоҳи дарасу атласбофӣ ва ғайраро тақдим намуд.

Раиси вилоят кулли тарбиятгирандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки баҳри ҳунармоӯзӣ ва таҳсили хонандагон тамоми шароит фароҳам карда мешавад.

Дар идома Раиси вилоят бо шароити кунунии мактаб-интернат аз наздик шинос гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин тамоми бинои муассисаро бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин намуда, барои шустушӯи бошандагон шароити муосид фароҳам оваранд. Инчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки лоиҳаи бунёди ҳавзи шиноварӣ ва варзишгоҳро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Барои бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон намоиш дода шуда, дастурхони идона густурда шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сарпарастон дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияи вилоят чорабиниҳои идона доир гардид ва бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят хонандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд