Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Баргузории Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео :Баргузории Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум Имрӯз, 27 декабри соли 2016 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати  панҷум баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия аз 70 вакил 65 нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, сохторҳои вилоятӣ, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Нахуст вакилон ҳайати котиботро иборат аз 3 нафар интихоб намуда, сипас масъалаҳои баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Рӯзномаи Иҷлосияи нуҳӯми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум аз 10 масъала - ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли 2016, тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Сарбанд 55”-и ноҳияи Спитамен, қабули буҷети вилоят барои соли 2017, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, ҳисоботи вакили вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии “Ворух 11”, оид ба тасдиқи қарори Раиси вилоят  «Дар бораи нишондиҳандаҳои асосии дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд барои солҳои 2017-2019», дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ, номгузории физикиву ҷуғрофии бархе аз деҳаву муассисаҳои шаҳру навоҳӣ, тасдиқ намудани Барномаи вилоятии «Соли 2017-соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят иборат буд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия,  вакилони вилоятӣ Сулаймонзода Акрам Раҳимро ба ҷои вакили хориҷшуда ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Сарбанд 55” қабул намуданд.

Оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми 11 моҳи соли 2016 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ назди ҳозирин маълумот дод. Зикр карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, кулли сокинони Суғди бостонӣ фаъолияти минбаъадаи худро дар асоси Паёми навбатии Президенти мамлакат пеш мебаранд. Давоми 11 моҳи соли равон  нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ  ба андозаи 101,9 фоиз таъмин гардидааст, ки ин  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 25,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Соли равон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки хусусияти иҷтимоидошта - маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 80 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоят равона карда шудааст. Ҳамзамон дар ин давра ба суратҳисоби Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 546,3 млн. сомонӣ андози иҷтимоӣ ворид карда шуда, нафақаи нафақахўрон пурра маблағгузорӣ шуда истодааст.

Давоми 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 92 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо фарогирии 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бешубҳа ба рушди соҳаи саноати вилоят такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра ба маблағи умумии 6,2 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо назардошти индекси нархҳо 139 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари  ин дар соҳаи саноати вилоят имкониятҳои истифоданашуда хело зиёд мебошад. Чунончӣ дар ин давра аз  625 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар 324 корхона ё 51,8 дарсад аз теъдоди умуми ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда бошанд, аз шумораи боқимонда 193 адади онҳо ҳаҷми истеҳсолро  нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам намуда, 108 адади онҳо умуман фаъолият набурдаанд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят  дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи умумии беш аз 5,5  млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 110,2 фоиз баробар гардид.Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят  беш аз 315 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 433 ҳазор тонна сабзавот, 348,4 ҳазор тонна картошка, 108 ҳазор тонна мева, 36 ҳазор тонна гӯшт,  218,5 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар вилоят назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор тонна зиёд пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Нақшаи захираи маҳсулот барои зимистони солҳои 2016-2017 ба миқдори 2090 тонна тасдиқ гардида,  2335 тонна маҳсулот захира шудааст.  Фаровонии бозорҳои вилоят ва паст рафтани нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ бозгӯи самараи неки таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ва фаъолияти пурсамараи марди деҳқон мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ аз буҷети вилоят зиёда аз 6 млн сомонӣ мабалағ ҷудо карда шуд ва дар натиҷа ҳолати мелиоративии як қатор мавзеъҳои вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Матсчоҳ, Панҷакент  хело беҳтар карда шуд.

Соли равон барои кулли мардуми тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол халқи тоҷик баробари дигар ҷашну идҳои миллӣ солагрди 25-уми истиқлолияти хешро сазовор қайд кард. Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози ҷашнҳои миллӣ давоми соли равон аз ҳисобибуҷетивилоятва бо ҷалбисармояҳоидохилӣ силсилаи иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуданд.Аз ҷумла ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Мастчоҳ, Ашт, Бўстон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин давра ба соҳаи маорифи вилоят беш аз 665 млн сомонӣ маблағ равона гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик 70 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин таваҷҷӯҳ  ба мустаҳкам гаштани базаи моддиву техникии муассисаҳои соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъсири мусбӣ расонид. Инчунин фарогирии омӯзгорон, хонандагону донишҷӯёни фаъол ба таътил аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, таъсиси мукофотпулиҳои Раиси вилоят барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ғайра дар баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои маорифи вилоят заминаи воқеъӣи гузошт.

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва эмин доштани сокинон аз ҳаргуна бемориҳо соли 2016 дар вилоят “Соли фарди солим” эълон карда шуда, дар доираи барномаи мазкур таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳа, таъмини беморхонаҳо бо навтарин дастгоҳҳои тиббӣ, харидории нақлиётҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, таъмири системаи гармидиҳӣ ва хатти обу ташноби муассисаҳои соҳа ба итмом расонида шуд. Аз ҷумла 45 иншооти соҳа бо харҷи зиёда аз 12 миллион сомонӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид.

Пас аз ҳисоботи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чанд нафар аз вакилони мардумӣ аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба музокира баромада, натиҷаву дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуданд. Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, бамаротиб зиёд гаштани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, бунёди шаҳракҳои наву замонавӣ ва таъмини шаҳрвандон бо заминҳои наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва таъмини онҳо бо навтарин дастгоҳҳои замонавӣ аз фаъолияти пурсамари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзёбӣ карда шуд.

Сипас сардори Сарраёсати молияи вилоят Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ оид ба қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2017 маърӯза намуд. Номбурда иброз дошт, ки пас аз омӯзишу баррасиҳо буҷети вилоят барои соли 2017 зиёда аз 1 миллиарду 698 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисмати хароҷоти буҷети вилоятӣ ба дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуда, мабалғузорӣ ба ин самт нисбати соли равон афзоиш ёфтааст.  Аз ҷумла барои соҳаи маориф 693 млн сомонӣ, тандурустӣ 370 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,1 млин сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Вакилони мардумӣ буҷети вилояти Суғдро барои соли 2017 қабул намуданд ва сипас маърӯзаи иловагии комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет Раҳимов Абдулатиф шунида шуд.

Дар идомаи иҷлосия ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон Мавҷуда Бобоева, ҳисоботи вакили вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии “Ворух 11” Карима Ҳакимова шунида шуда, қарори Раиси вилоят «Дар бораи нишондиҳандаҳои асосии дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд барои солҳои 2017-2019» тасдиқ ва роҳбари комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ интихоб гардид.

Вобаста ба масъалаи номгузории обеъктҳои физикиву ҷуғрофӣ маърӯзаи муовини Раиси вилоят  Назира Ғаффорӣ шунида шуд. Тавре қайд гардид, бо пешниҳоди вакилони шаҳри Конибодом номи деҳаи Ғалчамуллои ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом ба номи Боғдорон иваз карда шуд.

Дар идомаи  иҷлосия вакилони мардуми як қатор қарорҳои ба тасвибрасидаи Раиси вилоятро тасдиқ карданд. Дар ин замина бо қарори Раиси вилоят дар вилояти Суғд «Соли 2017-соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус  қабул карда шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур муовини Раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат баромад намуд. Номбурда таъкид дошт, ки мақсад аз қабули барномаи мазкур ин пеш аз ҳама дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ,  пешгирии касалиҳои сироятӣ ва ғайра ба ҳисоб рафта, дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад. Дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷом Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷамъбасти бомуваффақияти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии соли 2016, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, аёдати табақаи ниёзманди ҷомеа, татбиқи бомуваффақияти “Соли ҷавонон”, ба истироҳат фаро гирифтани омӯзгорон, толибилмон ва донишҷӯён дар таътили зимистона, бозомӯзии деҳқонон бо мақсади боло бардоштани боздеҳи замин ва ғайра  дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳозиринро бо фарорасии соли нави милодӣ табрик намуд.

Иҷлосияи нуҳӯми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум