Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара-сарҳади Қирғизистон бо 56 миллион доллари ИМА навсозӣ мешавад

( 0 Овоз )
Шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара-сарҳади Қирғизистон бо 56 миллион доллари ИМА навсозӣ мешавад

Боз як  иқдоми бузурги созандагӣ дар доираи тадбири ободонии роҳҳо ва ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ соли оянда ба вуқуъ хоҳад пайваст.

Ин нукта зимни сафари кории Раиси вилоят ба Конибодом изҳор гардид. Бо дастури Президенти мамлакат ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи калони байналмилалӣ дар вилоят амалӣ карда мешавад. Ин ҳам бошад, бо харҷи 56 миллион доллари амрикоӣ таъмири кул ва азнавсозии шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара-сарҳади Қирғизистон аст. Шаҳри Конибодом, ки дар маркази ин шоҳроҳ қарор дорад, ба туфайли ин иқдом метавонад аз як тараф бо шаҳри Хуҷанд, аз тарафи дигар бо шаҳри Исфараву Ҷумҳурии Қирғизистон ва ниҳоят  аз самти дигар бо водии Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон тавассути  деҳаи Патар пайваст ва шароити мусоиди рафтуомад дошта бошад.

Раиси вилоят ба мутасаддиёни соҳа дастур дод, ки давоми се моҳ  масъалаҳои ташкиливу техникӣ ва лоиҳакашии ободонии шоҳроҳро омода намуда, шурӯъ аз мавсими нав  бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба корҳои васеъкунӣ ва мумфаршкунӣ оғоз намоянд. Бояд гуфт, ки шоҳроҳи мазкур дараҷаи дуюми байналмилалӣ дошта, имкон медиҳад, ки на танҳо ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар, балки Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути он ба пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон роҳ пайдо кунад. Тибқи нақшаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур, корҳои ободонии ду тарафи он аз қабили гулкорӣ, чароғонкунӣ ва таъмири биноҳои атроф низ ба анҷом расонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара-сарҳади Қирғизистон бо 56 миллион доллари ИМА навсозӣ мешавад