Хабарҳо
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45
Ҳадаф: Беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия - 12.08.2020 09:50
Ғолибияти хонандагони макотиби вилояти Суғд дар озмуни​ фосилавии "Тозагӣ —​ гарави саломатӣ" - 12.08.2020 08:12
Хуҷанд. Тақвияти корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемории коронавирус - 11.08.2020 11:47

Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд

( 0 Овоз )

Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд

Видео :Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Конференсияи ХI ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Дар кори конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар бораи «Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар давраи аз моҳи июни соли 2012 то ноябри соли 2014» маърӯза кард.  С. Юнусов изҳор дошт, ки бо сарварии Президенти мамлакат, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар оғози шоҳроҳи бузурги созандагию бунёдкорӣ ба хотири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҷомеаи наве, ки таъмини озодию ҳуқуқҳои кулли шаҳрвандонро кафолат медиҳад, қарор дорад.

Таъкид шуд, ки Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти эътирофи меъёрҳои демократӣ, ҳадафу мақсадҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳизбҳои сиёсӣ» ва қонунҳои дигари марбута ба роҳ монда, иҷрои қарорҳо ва супоришҳои роҳбарияти ҳизбро самти асосии кори худ қарор дода, дар натиҷа ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва савияи дониши кормандони масъули кумитаи иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо Қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Комиссияи аттестатсионӣ аз ҳисоби сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ ва олимон таъсис дода, моҳҳои март – апрели соли 2015 аттестатсияи кормандони масъули ҳизбӣ гузаронида шавад.

Вакилони конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба эътибор гирифта, фаъолияти комиҷроияро қаноатбахш ҳисобиданд.

Ҳамчунин вакилон дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Суғд қарор қабул намуданд. Бо қарори конференсия иборат аз 41 нафар аъзои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоб карда шуд. Бо қарори конференсия ҳамчунин Тоҷибой Келдиёров сармуҳаррири нашрияи ҳизбии "Сухани халқ" интихоб гардид.

Дар конференсия Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи вазифаҳои навбатии ҳизбиён дар пешбурди ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин сухан кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шудКонференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд
Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд
Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Конференсияи ёздаҳуми ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуд