Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Видео : Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Имрӯз бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ, ки соли 1938 бунёд ёфтааст, пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Таъмири бино аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сурат гирифта, беморхона ҳамзамон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Ба ин беморхона муҳтоҷони табобат аз тамоми гӯшаю канори вилоят муроҷиат мекунанд ва ба онҳо 300 нафар кормандон ва мутахассисони соҳибтаҷриба хизмати тиббӣ мерасонанд.

Бояд гуфт, ки аксари беморхонаҳои вилоят солҳои зиёд бар асари таъмир нашудан дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштанд. Инак тибқи нақшаи дарозмуддати мақомоти иҷроия таъмиру азнавсозии онҳо ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят зимни суханронии худ дар назди кормандони беморхона таъкид намуд, ки бо мусоидати мақомоти иҷроия дар ояндаи наздик муаммоҳои дигари табобатгоҳ аз қабили барқарорсозии системаи ягонаи гармидиҳӣ, таъминоти он бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ, мошини ёрии таъҷилӣ ва ғайра ҳал карда мешаванд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба роҳбарияти ин муассисаи тиббӣ тавсия дод, ки барои фаъолият ба беморхона кадрҳои ҷавон ҷалб гарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам боло бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шудБинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шудБинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шудБинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд