Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣ

( 0 Овоз )

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИмрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии Донишкада ва саҳмгузории ширкати “Тиниал” бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ давоми шаш моҳ ва бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст. Бинои таълимӣ аз се ошёна, синфхонаҳои барҳаво ва толори лексионӣ барои 200 нафар иборат буда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардидааст. Бахусус, ташкили толори лексионӣ таҷрибаи нав аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ падидаи муҳим ба шумор меравад. Дар ҷараёни боздид аз Донишкада, Раиси вилоят бо намунаи маҳсули илмию эҷодии донишҷӯёни он аз наздик шинос шуд.

Дар намоишгоҳ корҳои илмию истеҳсолии толибилмон ба тамошо гузошта шуданд. Хусусан, корҳои илмии шогирдон дар мавриди таҳияи барномаҳои ҷолиби таълимию омузишӣ назаррас мебошад. Яке аз чунин барномаҳои муфид тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои офисӣ мебошад, ки беш аз 70 миллион калимаҳоро дар бар мегирад. Ин барнома барои доираи васеи истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ихтирои дигари аҳли Донишкада нуқтаи маълумотдиҳӣ мебошад, ки миёни мақомотҳои иҷроия ва шаҳрвандон робитаи электрониро ба роҳ мемонад. Дар синфхонаи лабораторӣ бошад, Раиси вилоят ба фаъолияти донишҷӯён дар мавриди омузиш ва истифодаи манбаъҳои истеҳсолкунандаи энергия баҳои қаноатманд дод, ки айни ҳол ба коркади нерӯи барқ аз боду офтоб машғуланд. Дар кафедраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Донишкада омузиш ва истеҳсоли  маҳсулоти табиию табобатӣ аз қабили мураббо, қандмеваҳо, афшураҳо ва ғайраро ба роҳ мондаанд.

Пас аз шиносоӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз вазъи моддию техникӣ ва раванди таҳсили толибилмон дар Донишкада изҳори қаноатмандӣ кард.

Ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ аҳли донишкадаро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии худ дар назди ҷомеаи меҳнатии Донишкада Раиси вилоят изҳор намуд, ки иқдоми мазкур ва дигар корҳои ободониву созандагӣ маҳз ба туфайли сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИфтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИфтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИфтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИфтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИфтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣИфтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи политехникӣ