Хабарҳо
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00

Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд

( 3 Овоз )
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Видео : Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд

Имрӯз мулоқоти ҳайати намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар қароргоҳи Сарвари давлат, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Дар мулоқот Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо таърихи чандасра дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла савдо, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ғайра ҳавасманд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, то имруз байни ин вилоятҳо якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки он муносибати дустонаву манфиатбахши ҷонибҳоро таъмин месозад.

- Мулоқоти сатҳи аввали ин вилоятҳо ва ба имзо расонидани созишномаи вусъати ҳамкориҳо аз мулоқоти сарони ду давлат, ки дар доираи баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, сарчашма гирифта, саҳифаи нави муносибатҳои дӯстонаи ин минтақаҳоро  боз хоҳад кард -  таъкид дошт, зимни сӯҳбат Раиси вилоят.

Дар навбати худ намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Жениш Разаков қайд намуд, ки мо бо мардуми сарбаланди тоҷик аз аввал муносибатҳои мустаҳками ҳамсоягӣ доштем ва имруз низ ба идомаи ин сиёсат ва ривоҷ додани он омода ҳастем. Зикр ёфт, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун шарики боътимоди хориҷӣ ба ҳисоб рафта, ҷониби Ботканд аз густариш ва рушди бахшҳои мухталиф, минҷумла муносибатҳои иқтисодӣ манфиатдор аст.

Раиси вилоят барои боз ҳам мустаҳкам намудани дустии миллатҳо пешниҳод намуд, ки рафту омади қишрҳои гуногуни ҷомеа мунтазам ба роҳ монда шуда, рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳо гузаронида шавад. Ин таклифи Раиси вилоят аз ҷониби намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Сипас ҷонибҳо нақшаи ҳамкорӣ байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба мустаҳкам намудани муносибати дӯстонаи ҳамсоягӣ барои солҳои 2014-2017 – ро ба имзо расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд