Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

( 0 Овоз )

Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

Видео : Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

Кормандони маркази дилшиносии вилоят соҳиби боз як бинои замонавӣ шуданд. Акнун шуъбаи сеюми ин марказ аз бинои кӯҳна ба иншооти нав интиқол ёфт ва минбаъд дар шароити мусоид бо сатҳу сифати баланд фаъолият хоҳад кард.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави шуъба, ки субҳи имрӯз, 15 сентябр сурат гирифт, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.

Чуноне иттилоъ доданд, бинои мазкур қаблан ҳамчун табобатгоҳи бемориҳои сироятӣ амал мекард ва чанд вақти охир дар ҳоли ногувор боқӣ монда буд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми як миллион сомонӣ бино бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ шуд.

Худи шуъба низ то ин дам дар иншооти 120 солае, ки хеле фарсудаю таъмирталаб шуда буд, фаъолият мебурд ва агарчанде, ки табобат дар сатҳи лозимӣ қарор дошт, беморон хешро нороҳат эҳсос мекарданд. Акнун шуъбаи мазкур дар 22 утоқ ва 40 кат бо симои дилкашу муҳити тозаву озода барои муҳтоҷон хизмат хоҳад расонид.

Дар арафаи ифтитоҳи бинои нав шӯъба ҳамзамон соҳиби мошинаи ёрии таъҷилии замонавӣ гардид, ки тибқи лоиҳа ба воситаи ташкилоти байналхалқии «Go help» аз Британияи Кабир дастрас карда шудааст.  Гуруҳи ёрии таъҷилии марказ акнун имкон доранд, на танҳо ба сокинони шаҳри Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ ба корафтодагон кумаки тиббии сайёр расонанд. Нақлиёти ёрии аввалин дорои таҷҳизоти муҳими интиқол, назорати ҳолати бемор ва хизматрасонии нахустини тиббӣ ба муҳтоҷон мебошад.

Зимни суханронӣ дар назди кормандони соҳаи тиб Раиси вилоят ифтитоҳи бинои навро таҳният гуфт ва изҳор намуд, ки он дар соли барои халқи тоҷик таърихӣ – таҷлили 20 - солагии Сарқонуни кишвар, дастоварди хуб ва туҳфаи арзанда барои аҳли ин даргоҳ гардид. Роҳбари вилоят ҳамзамон аз таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба соҳаи тандурустӣ дар солҳои Истиқлолият ёдовар шуда, афзуд, ки зиёд шудани миқдори иншооти навбунёд, баланд шудани музди меҳнат ва афзун гардидани сафи мутахассисони соҳибтаҷриба далели рӯшани инкишофи соҳаи тиб маҳсуб меёбад.

Аз номи Раиси вилоят ба шуъбаи нав даҳ адад телевизор ҳадя карда шуд. Собиқадорони соҳа аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ва мақомоти иҷроия ба соҳаи тандурустӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки солҳои охир на танҳо дар маркази вилоят, балки дар дигар шаҳру навоҳӣ аз ҷумла ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод низ марказҳои дилшиносӣ ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоятИфтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоятИфтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоятИфтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоятИфтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят