Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00

Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд

( 1 Овоз )

Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд

Видео : Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд Қисмати назариявии семинари вилоятӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар саҳни бошишгоҳи хоҷагии деҳқонии «Ваҳдат» - и Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз баргузор гашт. Дар ин мавзеъ аз ҷониби заркорони вилоят намудҳои гуногуни тухмиҳои серҳосили гандум ва пахта ба намоиш гузошта шуд.

Дар қисмати назариявии семинари вилоятӣ, ки бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гашт, таъкид шуд, ки имрузҳо баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва боло бардоштани ҳосилнокӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

- Таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт нигаронида шудааст - таъкид дошт, Раиси вилоят ва афзуд, ки маҳз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Президенти мамалкат мебошад, ки як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор дорад.

Соли ҷорӣ пахтакорони вилоят ба масоҳати умумии 53 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд, ки аз ин 23 ҳазору 223 гектарашро тухмиҳои навъҳои серҳосили хориҷи дур ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки пахта асосан барои истеҳсоли нах кишт карда шуда, таҷриба нишон дод, ки воқеан тухмиҳои серҳосили хориҷи дур нисбат ба тухмиҳои куҳнаи маҳаллӣ бартариятҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, аз ин гуна тухмиҳо метавон зиёда аз 40% нах ба даст овард.

Бартарияти тухмиҳои серҳосили хориҷиро деҳқони пуртаҷриба Раҷаббой Ашуров худ бевосита зимни парвариши он мушоҳида намудааст. Номбурда зикр дошт, ки ин тухмиҳо дар муҳлатҳои нисбатан камтар ва дар як вақт пухта мерасад. Танҳо аз чиниши аввал ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имкон дорад ва дар оянда бояд истифодаи чунин тухмиҳо дар вилоят ривоҷ дода шавад.

Зимнан, Раиси вилоят қайд намуд, ки соли равон дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Ссарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ва ташкили хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз беш аз 33 ҳазор хоҷагиҳои нав таъсис шудааст ва аз ин шумора 23 ҳазори  онҳо бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин гардидаанд. Ба ин васила зиёда аз 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба саҳми замини хеш дастрасии комил пайдо намуданд. Таъкид карда шуд, ҳамакнун вазифаи аслии шахсони масъули мақомоту ташкилотҳои дахлдор ин таъмини деҳқонон бо тухмиҳои серҳосил, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва поруҳои минералӣ мебошад. Ба ин васила метавон супоришҳои Президенти мамлакатро оиди баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳтар намудани шароити иқтисодии шаҳрвандон иҷро намуд.

Имрузҳо дар майдони пахтазори вилоят дастранҷи деҳқон омодаи чидан буда, Раиси вилоят масъулинро муваззаф сохт то ба ҳар килограмм пахтаи чидашуда  50 дирамӣ ва аз он зиёд маблағ пардохт карда шавад. Хоҷагидорон худ бевосита бояд бо ҳашарчиён шартномаи тарафайнро ба имзо расонида, ҳосили хешро ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамчунин маъсулини ҷамоатҳо вазифадор карда шуданд, то деҳқононро  ҳамаруза аз навидҳои  соҳа ва нархи пахта дар бозори ҷаҳони хабардор созанд. Коркард ва истеҳсоли нах бошад аз ҷониби коргоҳҳои пахтатозакунӣ бояд хуб ба роҳ монда шавад.

Айни замон дар вилоят 34 корхонаи коркарди пахта арзи ҳастӣ дошта, аз онҳо 14 ададаш то ҳол ба мавсими имсола омода нест.  Ба роҳбарон ва масъулини ин коргоҳҳо дастур дода шуд то бо нархи дастрас ва сифати баланд коркарди тиллои сафедро ба роҳ монанд.

Вобаста ба кишти тирамоҳӣ, алалхусус гандум қайд карда шуд, ки соли равон дар вилоят мувофиқи нақша бояд дар майдони беш аз 26 ҳазор гектар гандум кишт карда шавад. Таъмини деҳқонон бо тухмиҳои серҳосил ба зиммаи Сарраёсати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он вогузор карда шуд. Таъкид гардид, ки кишти гандум дар вилоят то санаи 25-уми октябр ба итмом расонида шавад.

Бо максади дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти тару тоза ва хушсифати ватанӣ дар давраи зимистони дар пеш истода сарварони ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии вилоят ва роҳбарони сардхонаҳои ҳудуди вилоят муваззаф гардиданд, ки то санаи 1-уми ноябр маҳсулоти заруриро захира намоянд.

Дар вилоят 12 адад сардхона фаъолият дошта, истифодаи самараноки онҳо имкон медиҳад, дар зимистони соли 2014 - 2015 шаҳрвандон бо маҳсулоти ватанӣ ва арзон таъмин карда шаванд. Барои ин захираи меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, сабзӣ, себ, ангур, нок, анор ва ғайра мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Ташкил ва баргузори чунин семинари вилоятӣ барои ривоҷи соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намудандСуғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намудандСуғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд