Хабарҳо
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10

Иштироки Раиси вилоят дар семинари вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ

( 0 Овоз )
Иштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ
Иштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ
Иштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Санаи 10 сентябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи тиллои сафед ва саривақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, сарфаи оқилона ва тақсимоти дурусти об, нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ семинари вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.

Нахуст дар бахши амалӣ иштирокдорони семинари мазкур, ки раисони шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят, муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзии ин минтақаҳоро фарогир буд, аз якчанд заминҳои пахта дидан намуда, бо нашъу намои он бевосита шинос гардиданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҷаббор Расулов» - и ноҳия ба майдони умумии 5 гектар тухмиҳои пахтаи навъҳои серҳосили ояндадори хориҷии дур кишт карда шудааст. Чӣ тавре аён гардид, ҷараёни инкишоф ва ҳосилбандии заминҳои пахта хуб буда, мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон ҳосили интизорӣ аз ҳар гектар на кам аз 35 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳар як бехи ниҳоли пахта дорои 35 кӯрак буда, метавон дар чиниши якум ва дуввум 35 - 40 сентнерӣ ҳосил ба даст овард. Роҳбари вилоят  заминҳои пахтаи ин хоҷагиро мавриди назар қарор дода, зикр дошт, ки  тухмиҳои нави хориҷӣ ба иқлими вилоят бисёр мувофиқ буда, онҳо нигоҳубини зиёдатиро талаб намекунад. Таъкид шуд, ки ба он ҳашарот зарар намерасонад ва нарху навояш дар бозори ҷаҳонӣ нисбатан қимматттар мебошад.

- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оиди истифодаи тухмиҳои серҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо мо бояд беҳтарин навъи тухмиҳоро ба вилоят ворид сохта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб боло бардорем - таъкид дошт, Раиси вилоят.

Саҳмдорону  деҳқонони ноҳия азм доранд аз ҳар гектар на кам аз 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Умуман, соли ҷорӣ пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба масоҳати умумии 5056 гектар пунбадона кишт намуда, азм доранд аз ҳар гекатр на кам аз 23 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Имрӯзҳо дар вилоят аллакай чиниши пахта оғоз ёфта, ғунучини тиллои сафед вусъати тоза мегирад. Ин аст, ки дар хоҷагии деҳқонии «Шекровон» Роҳбари вилоят бо як гурӯҳ чинакчиён, ки худ саҳмдорони ҳамин хоҷагӣ мебошанд, мулоқоти гарму самимӣ орост ва ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои пулии худро тақдим дошт. Таъкид гардид, ки барои ҳар як килограмм пахтаи чидашуда на кам аз 50 дирамӣ маблағ бояд пардохт карда шавад.

Таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба майдони фаъолият баромадани шумораи зиёди хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ водор месозад, то тақсимоти оқилонаи об ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад дар шаҳру навоҳии вилоят Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил карда шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонад. Вазифаи асосии ин ассотсиатсияҳо тақсимот ва дастрасии саривақтии деҳқонон ба об мебошад. Намунаи фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чашма - 2014» - и ноҳия пешкаши иштирокдорони семинар гардид. Ин асотсиатсия майдони умумии 1365 гектаррро обёрӣ намуда, бо ин мақсад дар назди замини ҳар як хоҷагии деҳқонӣ дарвоза ва обченкунак насб карда шудааст, ки бо ин васила метавон ҷараёни интиқоли обро назорат намуд ва истифодаи онро ҳисобу китоб кард. Сарвари вилоят  ба хозирин дастур то дар тамоми шахру навоҳии вилоят фаъолияти ассостсиасияхои истифодабарандагои об бо чунин тарз ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Раиси вилоят дар семинари вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ