Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Истравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. Қодирӣ

( 0 Овоз )

Истравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. ҚодирӣДастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми роҳбарияти вилоятро дар мавриди вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бахусус таъмиру азнавсозии роҳҳо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Истаравшан бо шавқи зиёд ҳамовозӣ мекунанд.

Нишони ин кушишҳои дастҷамъонаро дар мисоли маҳаллаи Ясии Ҷамоати деҳоти Гули Сурх метавон мушоҳида намуд. Дар рузи сафари кории Раиси вилоят ба мумфаршкунии боз як кучаи ин маҳалла ба масофаи 500 метр ҳусни оғоз бахшида шуд.

Кучаи мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмир шуда, иқдоми ҷавобӣ ба ташаббуси сокинони маҳалла аст, ки худ низ ба кори азнавсозии кучаҳо бо ҷидду ҷаҳди зиёд даст задаанд.

Аҳли ин деҳа бо ҷалби соҳибкорони хайрхоҳ ва маблағи ҷамънамудаи худи сокинон беш аз 8 километр кучаҳои дохили маҳалларо пурра асфалтпуш кардаанд ва бо мумфаршкунии кучаи мазкур муаммои роҳҳои ин мавзеъ пурра ҳал хоҳад шуд. Қабл аз мумфаршкунӣ, бо ташаббуси мардуми маҳал ва кумаки соҳибкорон муаммои таъминот бо оби нушокӣ низ аз байн бурда шуд.

Дар деҳаи Ясӣ беш аз 5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва аз ободонии маҳалли хеш руҳи болида доранд. Барои корҳои ободонӣ аҳли маҳалла 600 ҳазор сомонӣ ҷамъовари кардаанд. Ҷавобан ба ин ташаббус роҳбари вилоят барои идомаи корҳои ободонии ин мавзеъ боз 150 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 –и деҳаи Боғи калони ҳамин ҷамоат толори барҳавои варзишӣ бунёд шудааст, ки дар ин рӯз мавриди истифода қарор гирифт. Соҳибкори маҳалла Абдураҳим Абдуғаффоров, ки худ омӯзгори собиқадори ҳамин мактаб аст, ҳамроҳи фарзандонаш бинои нотамоми толори варзиширо бо харҷи 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба охир расонид ва инак, хонандагони таълимгоҳ ба орзуи деринаи худ расиданд. Минбаъд машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ новобаста аз фаслҳои сол дар толори замонавӣ дар сатҳи зарурӣ доир карда мешаванд ва хонандагон аз намудҳои гуногуни варзиш ба хубӣ бархурдор хоҳанд шуд.

Роҳбари вилоят иқдоми омузгори соҳибкорро барои дигарон намунаи ибрат хонд ва изҳор намуд, ки агар ҳар фарди имкондошта барои ободонии як гушаи диёр кушиш кунад, ҳам барои худ амали савоб ба анҷом мерасонад ва ҳам дар рушду тараққиёти Ватан саҳмгузор мешавад.

Захмати кишоварзони истаравшанӣ низ зимни сафари корӣ аз таваҷҷӯҳи Раиси вилоят берун намонд. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҷӯра - саркор», ки дар он деҳқони соҳибтаҷриба Ҷӯра Бобоев ҳамроҳи фарзандонаш фаъолият мебарад, Абдураҳмон Қодирӣ вазъи боғу токпарвариро мавриди назар қарор дод. Хоҷагии мазкур 108 гектар замин дорад, ки дар 12 гектари он ангур парвариш мешавад. Дар ин хоҷагӣ 14 навъи ангур, аз ҷумла навъҳои ҳусайнӣ, тоифӣ, чиллагӣ, султонӣ, соҳибӣ ва ғайра парвариш карда мешавад.

Аҳли хоҷагӣ дар як мавсим то 250 - 300 тонна ҳосил мегиранд ва то имрӯз 25 тонна ангурро ба фуруш баровардаанду ҳосили боқимонда хеле фаровон аст.

Раиси вилоят масъулини соҳаро тавсия дод, ки бо ҷалби соҳибкорон масъалаи харидорӣ ва нигоҳубини захираи ҳосилро дар яхдонҳои махсус ҳалу фасл намоянд, то ки дар фасли зимистон низ дастархони мардуми вилоят аз ин меваи шаҳдбор холӣ набошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Истравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. ҚодирӣИстравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. ҚодирӣИстравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. ҚодирӣИстравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. Қодирӣ







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан