Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42
“Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал” – таҳти ин унвон бо иштироки мутахассисон мизи гирд доир гардид - 12.11.2019 15:53
Ғолибони озмуни “Деҳаи ман”, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, муайян гардиданд - 12.11.2019 15:28
Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд - 12.11.2019 15:25
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - 12.11.2019 13:51
Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон - 12.11.2019 13:27
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45

Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан

( 0 Овоз )
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан
  • Пешина
  • 1 of 12
  • Минбаъда

Видео : Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан

Санаи 9-уми сентябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар як қатор иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, ҳамчунин раванди корҳои ободонӣ ва фаъолияти кишоварзон мавриди назар қарор гирифтанд.

Бо иштироки роҳбари вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол бинои нави иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41 ифтитоҳ ёфт. Бинои нави таълимӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои аҳли деҳа дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ тӯҳфаи арзанда гардид.

Хонандагони деҳа қаблан дар мактаби куҳнае, ки бинои аввалинаш соли 1954 ва бинои дуюмаш соли 1964 ба таври ҳашар бунёд ёфта буд, дар се баст таҳсил мекарданд ва бо сабаби фарсудаю таъмирталаб шудани он аз шароитҳои мусоиди таълиму тарбия бархурдор набуданд. Сохтмони бинои нав соли гузашта оғоз ёфта, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ «Созанда»-и шаҳри Истаравшан мебошад. Таълимгоҳи нав аз 10 синфхона иборат аст ва бо тарҳи наву замонавӣ бунёд ёфтааст. Аз ҳама муҳимаш мактаб бо системаи гармидиҳии ягонаи мутамарказ таъмин шудааст, ки дар фасли зимистон аҳли таълимгоҳ аз мушкилоти сармо эмин хоҳанд монд. Зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ Абдураҳмон Қодирӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ ва сатхи дониши хонандагон аз наздик шинос шуда, толибилмонро ба хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуд.

Ҳангоми суханронӣ дар назди аҳли маорифи шаҳр Раиси вилоят онҳоро бо рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи мактаби нав таҳният гуфт ва сипас ба аҳли мактаб 4 адад компютер ва як принтер ҳадя намуд. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд таълиму тарбияи насли наврас дар мактаби нав бо масъулияти баланд ба роҳ монда хоҳад шуд.

Бо иштироки сарвари вилоят ҳамчунин дар маркази шаҳр толори варзишии «Гулдаста» ба истифода дода шуд. Толори мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳаким Фозилов сохта шудааст. Дар толор наздик 50 адад таҷҳизоти замонавии тамринӣ ҷойгир карда шудааст. Дар як вақт 32 нафар ҷавонону наврасони маҳаллӣ имкон доранд, то ки зери роҳбарии ду мураббии соҳибмаълумот ва таҷрибадор ба варзиши бадан машғул шаванд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро ба хубӣ истиқбол намуд ва онро дар роҳи ҷалби насли ҷавон ба варзиш ва нигаҳдошти солимии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.

Дар рӯзи ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Истаравшан ҳамзамон маркази нави тиҷоратии «Ориёно» ба фаъолият оғоз кард. Ин иқдом низ идомаи ташаббусҳои бунёдкорӣ буда, маркази номбурдаро соҳибкор Ҳоҷиумар Акрамов ташкил кардааст. Иншоот аз 4 ошёна иборат буда, дар он 15 намуди хизматрасонии тиҷоратию иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст ва 50 нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар ошёнаи аввали марказ нуқтаҳои фурӯши либосу пойафзоли занонаву кӯдакона ва мағозаи комютерӣ ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, нуқтаи хизматрасонии ширкати алоқаи «Вавилон» инҷо воқеъ шудааст. Дар ошёнаи дуюм нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз қабили толори ороишӣ барои бонувон, атриёт ва намояндагии ташкилоти қарзии «Оксус» ва ҶДММ «Суғуртаи наҷот» фаъолият мебаранд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти ҷамъияти суғуртаи ғайридавлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. «Суғуртаи наҷот» асосан чор намуди суғуртаи ихтиёриро дар мисоли суғуртаи тиббӣ, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи воситаҳои нақлиёти заминӣ ва суғуртаи молу мулкро пешниҳод мекунад.

Дар ошёнаҳои болоӣ соҳибкор меҳмонхонаи замонавиро ташкил кардааст, ки дорои шароитҳои беҳтарини зиндагии муваққатӣ мебошад. Меҳмонхона бо усули омехтаи аврупоиву шарқиёна сохта шудааст ва тарҳи хеле ҳам назаррабо дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Истаравшан