Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42
“Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал” – таҳти ин унвон бо иштироки мутахассисон мизи гирд доир гардид - 12.11.2019 15:53
Ғолибони озмуни “Деҳаи ман”, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, муайян гардиданд - 12.11.2019 15:28
Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд - 12.11.2019 15:25
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - 12.11.2019 13:51
Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон - 12.11.2019 13:27
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45

Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )
Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео : Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 5 сентябр дар Чойхонаи миллӣ, воқеъ дар Қасри Арбоб 23 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Чорабинии идонаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оғоз намуда, иди истиқлолро ба мардуми шарифи вилоят табрику таҳният гуфт. Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, кулли мардуми вилоятро бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.

Зикр шуд, ки 23 сол муқаддам, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд ва мардуми кишвар ин рӯзи саидро ба ҳайси ҷашни умумимиллӣ, иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва шукргузорӣ таҷлил мекунанд.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳамчунин афзуд, ки  мардуми меҳнатқарини кишвар раванди ободкориву созандагиро ба роҳ монда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои муҳиму стратегии давлати Тоҷикистон аҳлонаю ғайратмандона саъю талош меварзанд ва ин меҳнати содиқонаву софдилона барои пойдориву ҷовидонагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам кардани аркони давлати навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва баланд бардоштани мақому обрӯи Тоҷикистони азиз равона шудааст.

Зикр гардид, ки имрӯз туфайли амалӣ намудани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳру навоҳии вилоят фазои мусоиде фароҳам омадааст, ки раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ мунтазам идома ёбад, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бемайлон татбиқ шаванд.

Худи ҳамин рӯз ҳамзамон як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла Усто Устопиров бо ордени Шараф дараҷаи II, Файзулло Авезов, Ҳакимбой Азизбоев, Соро Ёдгорова, Маҳмадсабур Ёқубов, Пир Пиров ва Фотима Шоева бо медали Хизмати шоиста, Александр Бахтин ва Муаззам Ҳодибоева бо медали Шафқат, Расул Бобоев ва Мирзоанвар Аҳмедов бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Сипас бо иштироки аҳли фарҳанги вилоят намоиши театрикунонидашудаи идона манзур карда шуд, ки ба чорабинии идона шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон