Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд - 28.05.2020 19:10
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» дар ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:06
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:03
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон - 28.05.2020 11:00
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Зафаробод - 28.05.2020 16:28
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15

Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

( 2 Овоз )

Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

Видео : Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

Имрӯз, 1 сенятбр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими фаъолсозии студияи таълимии телевизионии «Фурӯғ» - и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти телестудия ҳусни оғоз бахшида, дар хитоб ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани  малакаи касбӣ аз васоити техникии муосир самаранок истифода баранд.

Зимни сӯҳбат бо донишҷӯён Раиси вилоят оғози соли нави хонишро табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки  дар соли таърихии 20 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600 – солагии мавлуди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ донишҷӯёну омӯзгорони вилоят дар таълиму тарбияи насли худогоҳи миллат ва азбаркунии дониш ба муваффақиятҳои бештар ноил мегарданд.

Студияи телевизионӣ бо маблағи наздик 60 ҳазор сомонӣ таъсис ёфта, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сипас Раиси вилоят ба бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф оварда, донишҷӯёну устодонро бахшида ба фарорасии Рӯзи дониш табрик гуфт.

Зимни суханронии худ Раиси вилоят изҳор дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд яке аз бонуфузтарин боргоҳи таълимии вилоят маҳсуб ёфта, шумораи донишҷӯёни он аз 26 нафари соли 1932 ба 13 000 нафар расидааст. Танҳо соли хониши 2013 -2014 ин донишгоҳро тариқи буҷавӣ беш аз 513 нафар бо ихтисосҳои гуногуни омӯзгорӣ хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ нақши назарраси худро мегузоранд.

Имсол бошад тариқи низоми тестӣ наздик 2500 нафар ба донишгоҳ дохил шудаанд, ки аз ин 1156 нафар тариқи буҷет ва 1317 нафар шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон таъкид шуд, ки имсол маоши устодон 20 фоиз афзун гардидааст.

Раиси вилоят дар баробари пешравиҳои назаррас ҳамчунин аз камбудиҳо низ ёдовар шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, норасоии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар баъзе аз шаҳру навоҳӣ масъулинро водор мекунад, то бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монанд.

Сипас Абдураҳмон Қодирӣ ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пахши мустақими суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифт, тамошо намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХИштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХИштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХИштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХИштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

 






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ