Хабарҳо
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25
Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф» - 14.02.2020 14:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд - 14.02.2020 14:49
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 14.02.2020 17:12
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 15.02.2020 09:19
Спитамен: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд - 15.02.2020 10:25
Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 15.02.2020 14:26

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

( 0 Овоз )

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Видео : Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Дирӯз дар боғи фарҳангӣ - фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.

Аз даромадгоҳ кӯдакону меҳмонони чорабиниро қаҳрамонҳои афсонаҳо, афсунгарон ва ширинкорон пешвоз мегирифтанд.

Кӯдакону наврасони эҷодкору ихтироъкор аз муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва касбомӯзӣ ба меҳмонон маҳсули эҷодиёту маҳорат ва ихтирооти худро ба тамошо гузошта буданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки бо мақсади иштирок дар чорабинӣ ба ин мавзеъ омада буд, аз растаҳои намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, китобу адабиёти бачагона дидан намуда, ба иштирокдорони намоиш тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Қабл аз баргузории консерти идонаи кӯдакону наврасон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сухан баромада, наврасону кӯдаконро бо ин ид самимона табрик намуд.

Худи ҳамин рӯз дар тарабхонаи Сирдарёи маркази вилоят хатнатӯи 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин 60 нафар наврасоне, ки волидайнашон дар вазъи ногувори иҷтимоӣ қарор доранд, даъват шуда буданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирокдорони маъракаи хайр ва кӯдаконро табрик намуд. Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ғамхор ҳастанд. Дар ҳамин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ бо мақсади иҷрои дастури Сарвари давлат таваҷҷӯҳи лозимаро ба табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус кӯдакон равона месозад.

Дар ниҳоят аз ҷониби Раиси вилоят ба 20 нафар кӯдакон ва 60 нафар наврасон аз оилаҳои камбизоат тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконТаҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон