Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

  • Пешина
  • 1 of 22
  • Минбаъда

Видео : Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Рӯзи панҷшанбеи 29 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ваъзи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи ин сафар Раиси вилоят бо фаъолияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и деҳаи Тоҷикободи ноҳия шинос гардид. Дар мактаби мазкур 516 нафар хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар оид ба рушди  соҳаи маориф ва ҳунару ҳунармандӣ  дар таълимгоҳ  тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.  Ташкили  маҳфилҳои рӯзгордорӣ, дӯзандагиву кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофию рассомӣ барои тарбияи меҳнатдӯстӣ ва бедор кардани завқи зебоипарастии насли наврас аҳмияти калон дорад.

Аз амалишавии  чунин иқдомҳои шоиста Раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ  карда, барои бештар ҷалб намудани духтарон ба ин маҳфилҳо дастуру ҳидоятҳо дод. Барои фаъолияти маҳфилҳои ҳунарӣ дар мактаб утоқҳои  таълимӣ ҷудо гардида, шароитҳои мусоид барои омода  кардани хурокҳои миллӣ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилоят зарурияти ташкил кардани маҳфилҳои ҳунариро бори дигар таъкид дошта, онро омили муҳими тайёр кардани духтарон ба рузгордорӣ арзёбӣ намуд. Бо роҳбарии устодони мактаб дар ин муассиса ҳамчунин  дастгоҳи  калони қолинбофӣ гузошта шудааст, ки онро имрӯз муҳассилин истифода мебаранд.

Баъд аз боздид  аз синфхонаҳо ва утоқҳои таълими  меҳнат дар саҳни ҳавлии мактаб мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли деҳа баргузор гардид. Зимни суханронӣ Абдураҳмон Қодирӣ соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки  имрӯзҳо таваҷҷӯҳ ба пешрафти таълиму тарбия дар кишвар сол аз сол афзун гардида истодааст.

Раиси вилоят  ҳамчунин дар бобати  татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ба аҳолии  деҳа маълумот дода,  онҳоро  ба истифодаи  самаранноки қитъаҳои замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ даъват намуд.

Сипас аз ҷониби Раиси вилоят ба мактаби  мазкур як миқдор мизу курсиҳо, чанд адад тахтаҳои синфӣ, компютерҳои замонавӣ  ва  дигар ашёҳои хониш тақдим карда шуд. Дар рафти мулоқот ба ду нафар сокинони деҳаи Зарафшон, ки ҳангоми қабули Раиси вилоят дархости кӯмак барои ташкили коргоҳҳои хурди қолинбофӣ карда  буданд, ду ададӣ дастгоҳҳои калону хурди қолинбофӣ ва 10 ҳазор сомонӣ маблағи грантӣ тӯҳфа карда шуд.

Дар идомаи сафари кории худ Раиси вилоят бо рафти сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия шинос шуд. Фармоишгари иншооот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ «Муассисаи  сохтмонии рақами 115» мебошад. Бунёди Қасри фарҳанг соли 2006 - ум оғоз ёфта,  солҳо  инҷониб сохтмонаш аз нокифоягии маблағ кашол меёфт. Маҳз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2014 корҳои сохтмонӣ вусъат ёфта, то ин дам ба мабалғи 1 миллиону 830  ҳазор  сомонӣ корҳо ба анҷом расидаанд.  Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 500 ҷойи нишаст аст. Барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншоот Раиси вилоят роҳбарияти ноҳияро вазифадор намуда,  боз ҷудошавии 9 миллион сомониро  аз буҷаи  вилоят зикр дошт.

Дар доираи соли роҳҳои обод дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кучаҳои марказии он пурра мумфарш карда мешаванд.  Бо иштироки Раиси вилоят мумфаршкунӣ оғоз ёфт. Таъкид гардид, ки аз ҳисоби буҷаи вилоят 1,5 км роҳи мазкур ва боқимонда бо  дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон мумфарш хоҳад шуд. Тибқи нақша имсол дар ноҳия 5,2 км роҳҳо аз таъмири асосӣ, 47,9 км аз  таъмири ҷузъӣ ва 115 км роҳ  шағалпӯш карда мешаванд. Чанд  нафар соҳибкорону аҳолии  ноҳия пуштибонии хешро аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати кишвар  баён дошта, зикр намуданд, ки омодаанд, дар ин тадбири муҳим саҳми арзанда гузоранд.

Дар мактаби рақами 19-уми ҷамоати  Ғӯлакандози ноҳия бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ барои  бунёди бинои нави  таълимӣ санги асос гузошта шуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва 17 синфхона иборат буда, барои таҳсили 400 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои нави таълимӣ ба тариқи ҳашар бунёд хоҳад шуд. Бо назардошти ташаббуси созандагии аҳли маҳал Раиси вилоят ба сокинон барои оғози чунин кори нек  изҳори сипос  намуда, зикр дошт, ки барои вусъати корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби  буҷаи вилоят 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан мактаб пурра бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти хониш бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмин карда мешавад.

Бояд зикр дошт, ки бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов чанде қабл аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Роҳбарияти вилоят аз устоқҳои кории кормандон дидан намуда, ба сифати сохтмон  баҳои баланд дод.

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо боздид аз чанд хоҷагии   деҳқонӣ ва баррассии муаммоҳои ҷойдоштаи соҳаи кишоварзӣ дар ин минтақа ба охир расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан

Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов