Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Мулоқоти Раиси вилоят бо кишоварзони ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )
Мулоқоти Раиси вилоят бо кишоварзони ноҳияи Спитамен
Мулоқоти Раиси вилоят бо кишоварзони ноҳияи Спитамен
Оғози мумфаршкуни кӯчаи Спитамени ноҳияи Спитамен
Оғози мумфаршкуни кӯчаи Спитамени ноҳияи Спитамен
Оғози мумфаршкуни кӯчаи Спитамени ноҳияи Спитамен
Оғози мумфаршкуни кӯчаи Спитамени ноҳияи Спитамен
Оғози мумфаршкуни кӯчаи Спитамени ноҳияи Спитамен
Оғози мумфаршкуни кӯчаи Спитамени ноҳияи Спитамен
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Видео : Мулоқоти Раиси вилоят бо кишоварзони ноҳияи Спитамен

Дар  маркази ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилоят мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Спитамен оғоз гардид. Дарозии умумии ин кӯча 2,5 километрро ташкил дода, аз он 1,4 км мумфарш карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки соли гузашта  бо дастгирии  Президенти мамлакат қисми аввали роҳи кӯчаи мазкур аз таъмири куллӣ бароварда шуда буд.

Барои мумфаршкунии қисмати дуввуми ин кӯча аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Бояд қайд кард, ки мумфаршкунии роҳ  дар доираи эълон гардидани “Соли 2014 - соли роҳҳои обод” амалӣ карда мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, умуман дар ноҳияи Спитамен 640 км роҳ мавҷуд буда, аз он соли ҷорӣ 130 километраш ба таъмир фаро гирифта мешавад.  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот бо истиқоматкунандагони ҳамин маҳал ва анбӯҳи зиёди сокинон таъкид дошт, ки соли равон мувофиқи барномаи соли роҳҳои обод дар қаламрави вилоят зиёда аз 2 ҳазор км роҳ ба таъмир фаро гирифта хоҳад шуд. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят таъмир ва мумфаршкунии роҳҳои маҳалливу байнишаҳрӣ ҷараён дошта, сокинон дастаҷмъона баҳри бунёдкориву ободонӣ ҷаҳду талош меварзанд.

Ин икдом, яъне эълон гардидани “Соли 2014 - соли роҳҳои обод” дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, дар вилояти Суғд аз ҷониби сокинон дастгирӣ карда мешавад.

Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Исломбой Саркор” - и ноҳия  мулоқоти самимии Раиси вилоят бо шумораи зиёди саҳмдорон ба вуқӯъ пайваст. Қайд гардид, ки соли равон бо ибтикори  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, хоҷагиҳои хурди оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода мешавад. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ  дар асоси  дастуру супориши Сарвари давлт Эмомалӣ Раҳмон пиёда карда шуда, он барои соҳиби замин намудани деҳқон ва бо мақсади  муҳайё намудани ҷои корӣ, боло бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони деҳот, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар  амалӣ карда мешавад.

- То имрӯз дар қаламрави вилоят 25 ҳазору 500 хоҷагиҳои нав таъсис дода шуда, аз онҳо 15 ҳазораш бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин гаштааст. Аммо дар ноҳияи Спитамен ин раванд хело нигаронкунанда мебошад - зикр дошт, Раиси вилоят.

Бино ба таҳлилҳои Раиси вилоят то имрӯз дар ноҳия аз 202 адад хоҷагиҳои таҷдидшаванда танҳо 116 адади он ба азнавташкилдиҳӣ фаро гирифта шудаасту халос, ки ин дар миқёси вилоят аз ҳама нишондиҳандаи пасттарин ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт фаъолияти сусти раисони як қатор ҷамоату деҳоти ноҳия,  аз ҷумла ҷамоати Тағояк, Сарбанд ва Хуррамзамин махсус таъкид гардид.

Раиси вилоят аз роҳбарони ин минтақаҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт як моҳ мӯҳлат дод.  Ҳамчунин роҳбари вилоят аз хунукназарӣ ва бемасъулиятии масъулини соҳа эроди ҷиддӣ гирифта барои ислоҳи камбудиҳо онҳоро вазифадор намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо кишоварзони ноҳияи Спитамен