Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен
  • Пешина
  • 1 of 13
  • Минбаъда

Субҳи имрӯз, 28 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  бо мақсади шиносоӣ  аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар деҳаи Саидкӯрғони ноҳия ба фаъолияти  корхонаи дӯзандагии «Муҳайё & СО» оғоз бахшида шуд. Бояд қайд намуд, ки коргоҳи мазкур дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов қомат афрохтааст. Барои  бунёд намудани ин иншоот 1 милиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

Дар толори коргоҳи навтаъсис намоиши дастранҷи ҳунармандони ноҳия, аз қабили сӯзанидузӣ, кашидадӯзӣ, сару либоси миллӣ, асбобҳои мусиқӣ баргузор гардид. Роҳбари вилоят ба  асбобҳои мусиқии пешкаш гардида, ки маҳсули меҳнати устоҳои ҳамин ноҳия мебошад, мароқ зоҳир намуда,  дастур дод, ки ин асбобҳо бояд мавриди истифодаи аҳли санъати вилоят қарор гиранд.

Дар сехи дӯзандагии коргоҳ зиёда аз 100 нафар бонувон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Чӣ тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори солонаи корхона ба истеҳсоли 50 ҳазор дона сару либоси мактабӣ ва  30 ҳазор либоси миллӣ баробар аст. Дар коргоҳ асосан занону духтарони ҳамин деҳа ба кори доимӣ ҷалб гардида, ҳаҷми миёнаи маоши онҳо 500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи дуввуми бино сехи қолинбофӣ амал менамояд, ки дар он 40 нафар занон ба омӯзиш ва кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Барои ин 5 дастгоҳи қолинбофӣ ва 4 дастгоҳи омузишӣ насб карда шудааст. Раиси вилоят зимни шиносоӣ зикр дошт, ки ба касбомузӣ бояд шумораи бештари бонувон ҷалб карда шаванд то онҳо тавонанд барои пешбурди зиндагии худ муваффақ шаванд.

Дар саҳни коргоҳ Абдураҳмон Қодирӣ бо анбӯҳи зиёди сокинони деҳа мулоқот ороста, онҳоро ба ободониву бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Қайд гардид, ки бо пуштибонӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат соҳибкорӣ дар кишвар рушд ёфта, дар ин замина як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки ин тадбирҳо ба беҳ гардидани некӯаҳолии мардум нигаронида шудааст. Ҳамчунин роҳбари вилоят ҳозиринро ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва соҳибкасб намудани шумораи бештари занону духтарон ҷалб сохт. Зеро бо баробари соҳибҳунар гаштан, духтарон метавонанд дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ ба қуллаҳои баланди касбӣ расанд ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳ намоянд.

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилоят анҷоми корҳои таъмир ва навсозии мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мактаб солҳои 90-уми қарни гузашта ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бинои мазкур бо 113 ҳазор доллар маблағгузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гаштааст. Тавре аён гардид, корҳои сохтмонӣ бо сифати хуб анҷом ёфтаанд. Бо иштироки Раиси вилоят мактаб пас аз таъмир дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаби мазкур бо зиёда аз 400 адад мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, 10 адад компютер  ва дигар ашёву лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳангоми боздид аз синфхонаҳо Раиси вилоят ба донишандӯзии толибилмон мароқ зоҳир намуда, аз сатҳи пасти забондонии онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Роҳбари вилоят толибилмонро ба забономӯзӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ҳидоят намуд. Зеро донистани забони давлатӣ барои таҳсили минбаъда онҳо дар донишгоҳҳо ва кору фаъолият бисёр муҳим аст.

Зимни ҳунарнамоии толибилмони мактаб иттилоъ дода шуд, ки хонандагон дар маҳфили мусиқавии маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ба омӯзиши санъати миллӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин Раиси вилот бо маҳфили рӯзгордорӣ ва ҳунаромӯзии дабистон шинос шуд. Зикр гардид, ки зимни баргузории чунин маҳфилҳо асосан ба духтарони синфҳои болоӣ нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ ва пухтупаз, омода намудани хуриш ва таомҳои миллӣ омӯзонида мешавад. Ҳангоми мулоқот бо хонандагон ва омӯзгорони таълимгоҳ Раиси вилоят аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат ёдовар гашта, зикр дошт, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии бевоситаи Сарвари давлат соҳаи маориф дар тамоми қаламрави мамлакат, хоса вилоят Суғд  мунтазам пеш меравад. Дар ин раванд як қатор биноҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, боқӣ аз таъмири хушсифат бароварда мешаванд.

Ҳамчунин Раиси вилоят эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ба омӯзиш фаро гирифтани шумораи бештари духтаронро муҳим арзёбӣ дошта, таъкид намуд, ки касбомӯзӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва сӯзандӯзӣ  имконият медиҳад, минбаъд бонувон бо ин роҳ зиндагии худро пеш баранд. Ташкили маҳфилҳои гуногуни рӯзгордорӣ дар ҳамаи таълмигоҳҳои ноҳия муҳим арзёбӣ гардид. Инчунин зикр ёфт, ки минбаъд дар ҳамаи дабистонҳо маҳфилҳои сарояндагиву навозандагӣ ташкил карда хоҳад шуд. Барои ин ба Раёсати фарҳанги вилоят аллакай вазифагузорӣ карда шудааст ва ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши асбобҳои миллии мусиқӣ ташкил карда мешавад.

Тавре аён гардид, таълимгоҳи мазкур аз 3 бино ва 22 синфхона иборат буда, 8 адади он аз таъмири хушсифат бароварда шудааст. Барои идомаи корҳои ободониву бунёдкории ин мактаб роҳбари вилоят аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 50 ҳазор сомонӣ мабалағ ҷудо намуд. Сарвари вилоят таъкид дошт, ки минбаъд ҳамкории роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар тамоми қаламарави вилоят бо ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Дар идома ба 12 нафар хонандагони ноҳия, ки дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, диплом супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен