Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Имзои созишнома оид ба ҳамкориҳои гуногунсоҳа миёни вилояти Суғд ва вилояти Мински Белорус

( 0 Овоз )

Имзои созишнома оид ба ҳамкориҳои гуногунсоҳа миёни вилояти Суғд ва вилояти Мински БелорусТавре маълум аст, санаи 23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард.

Дар ин сафар дар қатори дигар шахсони расмӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ намуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санаи 24 май 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Белорус ба имзо расид:

Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Гродно;

Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Беларус;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии Беларус оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноати сабук «Беллегпром»;

Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;

Нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2014-2015;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Беларус;

Дар охир Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат ба натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯзаи баҳои баланд дода, дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номиданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Имзои созишнома оид ба ҳамкориҳои гуногунсоҳа миёни вилояти Суғд ва вилояти Мински Белорус